Сафари раиси кулли Бонки марказии Эрон ба Амрико
(last modified Tue, 30 May 2023 07:07:25 GMT )
Май 30, 2023 12:07 Asia/Dushanbe
  • Сафари раиси кулли Бонки марказии Эрон ба Амрико

Раиси кулли Бонки марказии Эрон барои дидору гуфтугӯ бо мақомҳои Сандӯқи байналмилалии пул Теҳронро ба мақсади Вашингтон тарк кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадризо Фарзин-раиси кулли Бонки марказии Эронро дар сафар ба Амрико Муҳсини Каримӣ-муовини умӯри байналмилали ин бонк ҳамроҳӣ мекунад.
Ҷумҳурии исломии Эрони ҳамакнун узви ҳайати мудираи Сандуқи байналмилалии пул аст.
Сандуқи байналмилалии пул ба тозагӣ бо интишори гузорише дар пойгоҳи додаҳои омории худ бо ишора ба афзоиши 141 миллиард долларии тавлиди нохолиси дохилии Ҷумҳурии исломии Эрон дар соли 2022, иқтисоди Эронро дар ин сол ба унвони бисту дуюмин иқтисоди бузурги ҷаҳон муаррифӣ кард.
Муҳаммади Мухбир-муовини аввали раиси Ҷумҳурии исломии Эрон низ дар панҷоҳу якумин иҷлоси Иттиҳодияи поёпои Осиё бо ишора ба ин омори мунташиршуда дар Сандуқи байналмилалии пул гуфт: Эрон дар соли 2022 аз назари шохиси баробарии қудрати харид 1600 миллиард доллар тавлиди нохолиси дохилӣ доштааст .