Июн 18, 2023 11:37 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён: Ҷойгоҳи Покистон дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон вижа аст
    Амирабдуллоҳиён: Ҷойгоҳи Покистон дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон вижа аст

Ҳусейн Амирабдуллоҳиён вазири умури хориҷаи Эрон, Покистонро яке аз ҳалқаҳои муҳими сиёсати ҳамсоягии Теҳрон донисту гуфт: Ҷойгоҳи Покистон дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон вижа аст.

Ба гузориши ИРНА, Ҳусейн Амирабдуллоҳиён асри шанбе дар дидори Асад Маҷидхон муовини вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Покистон бо ишора ба ҷойгоҳи вижаи Покистон дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва сатҳи кунунии ҳамкориҳои дуҷониба ва байналмилалӣ афзуд: Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳеҷмаҳдудияти дар рушди муносибот бо Покистон надорад.

Мовини Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Покистон низ дар ин дидор гузориши аз баҳстҳои матраҳшуда дар хилоли давоздаҳумин даври гуфтугуҳои машварати сиёсӣ ироа ва ин гуфтугуҳоро барои густариши равобити ду кишвар роҳбурди донист ва бар аҳамияти рушди равобит бо Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард.

Барчасп