Июн 24, 2023 18:05 Asia/Dushanbe
  • Теҳрон мизбони нишасти Шӯрои ҳуккоми маркази мероси номалмӯси Осиёи Ғарбӣ ва Марказӣ

Панҷумин нишасти Шӯрои ҳуккоми Маркази мутолиоти посдорӣ аз мероси фарҳангии номалмӯс дар Осиёи Ғарбӣ ва Марказӣ, ҳафтаи ҷорӣ дар Теҳрон баргузор мешавад.

Ба гузориши ИРНА, Маркази мутолиоти минтақаии посдорӣ аз мероси фарҳангии номалмӯс дар Осиёи Ғарбӣ ва Марказӣ (маркази мероси номалмӯси Теҳрон) рӯзҳои душанбе ва сешанбе (26 – 27 июн) мизбони панҷумин нишасти одии Шӯрои ҳуккоми ин марказ дар Теҳрон аст.

Табодули назар дар бораи бархе риволҳои иҷроӣ, тасвиби бархе умӯри пешбинӣ шуда дар асоснома ва тавофуқномаи мунъақида байни давлати Ҷумҳурии исломии Эрону ЮНЕСКО, интихоби раёсати Шӯрои ҳукком ва марказ, интихоби мутахассисони шӯро барои давраи чаҳорсолаи оянда, барномарезии ҷаласоти ҳайати иҷрои марказ ва баҳсу табодули назар перомуни барномаи фаъолиятҳои марказ барои соли 2023 – 2024 ва тасвиби ниҳоии онҳо дастури кори панҷумин нишасти Шӯрои ҳуккоми маркази мутолиоти посдорӣ аз мероси фарҳангии номалмӯс дар Осиёи Ғарбӣ ва Марказӣ дар Теҳрон аст.

Шӯрои ҳуккоми маркази мутолиоти посдорӣ аз мероси фарҳангии номалмӯс дар Осиёи Ғарбӣ ва Марказӣ дар ҳоли ҳозир ёздаҳ узв дорад, ки кишварҳои Сурия, Қирғизистон, Арманистон, Тоҷикистон, Индонезия, Ҳинд, Лубнон, Туркия, Афғонистон, Қазоқистон ва Эрон аз аъзои ин шӯро ҳастанд.

 

Барчасп