Июн 27, 2023 15:49 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб : « Ваҳдат » ва « маънавият » дар маърази душманӣ ва коршикании истикбор аст

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёме ба муносибати кунграи азими Ҳаҷ таъкид карданд : « Ваҳдат » ва « маънавият » дар ин мақтаи замон беш аз гузашта дар маърази душманӣ ва коршикании истикбор ва саҳюнизм аст .

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мақоми муаззами раҳбарӣ ; ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин паём бо ишора ба инки шарти лозими асаргузории ҷаҳонии Ҳаҷ дарку шинохти саҳеҳи уммати исломӣ аз хитоби зиндагибахши ин фаризаи пуррамзу роз бар мабнои ду рукни « ваҳдат » ва « маънавият » аст, тасреҳ карданд : Амрико ва дигар қутбҳои султаи истикборӣ бо ваҳдати мусулмонон, бо тафоҳуми миллатҳо ва кишварҳо ва давлатҳои мусулмон ва бо тадайюну ташарруъи насли ҷавони ин миллатҳо башиддат мухолифанд ва бо ҳар васила битавонанд бо он муқобила мекунанд .

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ваҳдати уммати исломиро ба маънои гуфтугу, иртиботи фикрӣ ва амалӣ, ҳамафзоӣ ва наздик шудани ҷиҳатгириҳо, ҳамкорӣ ва пайванди иқтисодии кишварҳои исломӣ хонданд ва тасреҳ карданд : Буъд(ҷиҳат)и дигари ин ваҳдат гуфтугуи уламои мазоҳиби исломӣ бар мабнои ҳусни занн ва мудорову инсоф ва иртиботи танготанги нухбагони кишварҳои мусулмон аст .

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар хусӯси ваҳдат ин нуктаро ҳам мутазаккир шуданд, ки пешравони сиёсӣ ва фарҳангии кишварҳои исломӣ бояд ҳамоҳанг бо якдигар худро омодаи шароити назми ҷаҳонии пеши рӯ кунанд, то уммати исломӣ ҷойгоҳи шоистаи худро бозёбад ва таҷрибаи талхи муҳандисии сиёсӣ ва сарзаминии пас аз ҷанги ҷаҳонии аввал такрор нашавад .
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ « маънавият »-ро, ки яке дигар аз ду рукни асаргузори нидои ҷаҳонии Ҳаҷ аст, ба маънии иртиқои ахлоқи динӣ ва муқобила бо афсуни ахлоқи минҳо(бидуни)и дини ғарбиҳо донистанд ва афзуданд : Афсуни ахлоқи минҳои дин, ки муддатҳо аз сӯи манобеи фикрии ғарбӣ тарвиҷ мешуд, саранҷомаш ҳамин суқути бемаҳор(бемонеъа)и ахлоқӣ дар Ғарб аст, ки ҳама дар дунё шоҳиди онанд .
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд : Вазифаи ҳамаи мо ва ҳамаи миллатҳо ва давлатҳои мо истодагӣ дар баробари ин нақшаи хабосатолуди амрикоӣ ва саҳюнистӣ аст.

 

Барчасп