Июн 28, 2023 11:05 Asia/Dushanbe
  • Табрики сарони кишварҳои Қатар, Ироқ ва Аморот ба раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба муносибати фаро расидани иди саъиди Қурбон
    Табрики сарони кишварҳои Қатар, Ироқ ва Аморот ба раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба муносибати фаро расидани иди саъиди Қурбон

Амири Қатар, нахуствазири Ироқ ва раиси давлати Аморати Муттахидаи араби дар тамосҳои телефони фаро расидани иди саъиди Қурбонро ба раиси ҷумҳури ва мардуми Эрон табрик гуфтанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳури шайх Тамим бин Ҳамд оли Сонӣ амири Қатар, Муҳаммад Шиён Алсудонӣ нахуствазири Ироқ ва шайх Муҳаммад бин Зиёд оли Наҳён раиси давлати Аморати Муттахидаи араби  дар тамосҳои телефони бо Сайид Иброҳими Раисӣ фаро расидани иди саъиди Қурбонро ба у ва миллати Эрон табрик гуфтанд.

Амири Қатар, нахуствазири Ироқ ва раиси давлати Аморати Муттахидаи араби ҳамчунин тақвият ва рушди ҳамаҷонибаи равобит бо Ҷумҳурии Исломии Эронро хостор шуданд.

Фардо панҷшанбе 10 зилҳаҷаи соли 1444 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 29 майи соли 2023 иди саъиди Қурбон ё иди азҳи аз идҳои бузурги мусалмонон аст.

Дар иди саъиди Қурбон ҳоҷиёне ки ба зиёрати хонаи Худо рафтанд ба дастури Худованд ва барои ризои Ӯ қурбони мекунанд ва хотираи паёмбари бузурги Илоҳӣ ҳазрати Иброҳим(а)-ро зинда ва гироми медоранд.

Барчасп