Июн 29, 2023 18:46 Asia/Dushanbe
  • Раиси Ҷумҳурии Эрон фаро расидани Иди Қурбонро ба сарони кишварҳои исломӣ табрик гуфт

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар паёмҳои ҷудогонае фаро расидани Иди саиди Қурбонро ба сарони кишварҳои исломӣ табрик гуфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайидиброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар паёмҳои ҷудогонае фаро расидани Иди саиди Қурбонро ба сарони кишварҳои исломӣ табрик гуфт ва ибрози умедворӣ кард ваҳдати рӯзафзӯни мусулмонони ҷаҳон ва сарафрозии уммати исломӣ беш аз пеш густариш ёбад ва ҳамаи миллатҳои мусулмон битавонанд дар сояи таъолими гаронбаҳои дини Ислом масири иззату камолро паймӯда ва ба шойистагӣ дар арсаҳои байналмиллалии мӯҷиботи эътилои бештари ин дини саросар меҳру раҳматро фароҳам кунанд . Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон тасреҳ кард : Иди Қурбон, мазҳари холисонатарин ҷилваҳои ибодат ва тавваҷуҳ ба авомири Илоҳӣ аст ва ҳазрати Иброҳим ( а ) дар ин рӯз ба шойистагӣ талиъадори исор ва аз худ гузаштагии банда дар баробари Парвардгор лақаб гирифта ва аз ин озмӯни илоҳӣ сарбаланд берун омадааст .

 

Барчасп