Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон: Давлати Фаронса зимни парҳез аз хушунат ба хотсаҳои муътаризон таваҷуҳ кунад
(last modified 2023-07-02T06:12:52+00:00 )
Июл 02, 2023 11:12 Asia/Dushanbe
  • Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон: Давлати Фаронса зимни парҳез аз хушунат ба хотсаҳои муътаризон таваҷуҳ кунад
    Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон: Давлати Фаронса зимни парҳез аз хушунат ба хотсаҳои муътаризон таваҷуҳ кунад

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба нооромиҳои ҷорӣ дар Фаронса дар пайи кушта шудани як ҷавони 17 сола тавассути неруҳои полиси ин кишвар дар Порис гуфт: Полиси Фаронса зимни хештандори ва парҳез аз хушунат хостаҳои муътаризонро мавриди тававҷҷуҳ қарор диҳанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Носири Канъонии Чорфӣ сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон афзуд: Бархурдҳои табъизомез бо ҷамъияти муҳоҷир ва иҷтиноб аз пазириш ва ислоҳи рафторҳои ғалат дар қиболи онҳо аз суи бархе кишварҳои аврупоӣ сабаби бурузи шароити номуносиб барои шаҳрвандони аврупоӣ аз ҷумла дар Фаронса шуда аст.

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт интизор меравад давлати Фаронса бо риъояти усул мабни бар каромати инсонӣ, озодии баён ва ҳақи эътирозоти мусолематомези шаҳрвандон ба бархурдҳои қаҳромез бо мардуми худ поён диҳад.

Қатли хунсардонаи навҷавони 17  солаи фаронсавӣ тавассути полиси Фаронса ва ироаи гузориши дуруғ аз воқеъияте ки аз он ба амрмрикоӣ шудани полиси Фаронса таъбир шуда аст фоҷеъаи дигари дар парвандаи жондорҳои хашмгини ин кишвар сабт ва оташи хашми шаҳрвандони фаронсавиро ба аташи интиқом табдил кард.

Барчасп