Ҳуҷҷатилислом Сиддиқӣ : Муқовимати ҷононаи мардуми Фаластин дарсгирифта аз шаҳидони Эрон аст
Имом-ҷумъаи муваққати Теҳрон таъкид кард : Муқовимати ҷононаи мардуми Фаластин дарсгирифта аз шаҳидони Эрон аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳуҷҷатилисломи валмуслимин Козими Сиддиқӣ-имом-ҷумъаи муваққати Теҳрон дар хутбаҳои намози ҷумъа ба ҳамлаи ваҳшиёнаи саҳюнистҳо ба минтақаи Ҷанин ишора кард ва гуфт : Муқовимати ҷононаи мардуми бапохостаи Фаластини дарсгирифта аз шуҳадои Эрон аст.
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон афзуд : Бинёмин Натанёҳу-нахуствазири режими саҳюнистӣ дар ботлоқи худаш дар ҳоли ғарқ шудан аст, шикаст хурд ки баъд аз ин низ шикасташро хоҳем дид .
Сиддиқӣ бо баёни инки фароҳам овардани як қудрати шарқӣ дар баробари тавтеъаҳои душманон як сиёсати мутавозин аст, гуфт : Узвияти доимии Эрон дар Созмони ҳамкории Шанхай нуқтаи сарнавиштсозе дар давлати сездаҳум аст.
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба узвияти доимии Эрон дар Созмони ҳамкории Шанхай афзуд : Бидуни вобастагӣ ба дигар кишварҳо дар созмони Шанхай пазируфта шудем, ки дорои масолеҳи миллӣ ва иззати кишвари мост.