Июл 11, 2023 11:31 Asia/Dushanbe
  • Рекордшикании намояндаи Эрон дар рақобатҳои парадавмайдонии қаҳрамонии ҷаҳон

Миллиипӯши парадавмайдонии Эрон бо рекордшиканӣ ва касби нишони тиллои мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон саҳмияи паралимпики Пориси худро қатъӣ кард .

Даҳумин давраи рақобатҳои парадавмайдонии қаҳрамонии ҷаҳон аз рӯзи якшанбе дар Порис оғоз шуд ва то 17 июл идома хоҳад дошт ; дар ин рақобатҳо 1206 варзишкор аз 103 кишвар ҳузур доранд, ки чаҳор нафари бартари ҳар ришта ҷавози ҳузур дар паралимпики Порисро касб хоҳанд кард .
Аз Эрон низ 18 давмайдоникор дар 2 гуруҳи ҷонбозону маълулон ва нобиноён ба Порис эъзом шудаанд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Амонуллоҳи Попӣ- миллипӯши   парадавмайдонии Эрон дорандаи нишони нуқраи паралимпики 2020 Токио муваффақ ба зарби нахустин медали тилло барои варзишкорони эронӣ шуд .
Попӣ зимни касби медали тилло рекорди ҷаҳонро дар ин класс ба номи худ сабт ва саҳмияи паралимпики Порисро низ қатъӣ кард.
 

 

Барчасп