тафсир/ Дидгоҳи Раҳбарӣ дар бораи иддаоҳои озодандешӣ ва демокросй дар ҷабҳаи либерал-демокросй
(last modified Thu, 13 Jul 2023 13:50:27 GMT )
Июл 13, 2023 18:50 Asia/Dushanbe
  • тафсир/ Дидгоҳи Раҳбарӣ дар бораи иддаоҳои озодандешӣ ва демокросй дар ҷабҳаи либерал-демокросй

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи чаҳоршанбе дар дидори фузало, туллоб ва мубаллиғони ҳавзаҳои илмия либерал-демокросиро ҷабҳаи муқобили низоми исломӣ хонданд, ки дар бора озодандешӣ ва демокросӣ иддаоҳои дуруғин доранд.

Франсис Фукояма-назарияпардози маърӯфи амрикоӣ авохири қарни гузаштаи милодӣ унвон кард либерал-демокросй поёни таърих аст. Аз диди Фукояма либерал-демокросӣ матлубтарин низоми сиёсӣ барои мардуми саросари ҷаҳон аст, ки ҳам ба каромати инсонӣ ва ҳам ба мардумӣ будани қудрат тавваҷуҳ дорад .
Ба таври хос дар қарни 21 таҳаввулот нишон дод, ки иддаоҳо дар бора тавваҷуҳи либерал-демокросӣ ба ҳуқуқи башар ва мардумӣ будани қудрат дуруғ аст . Ин таъбир вуҷуд дорад, ки либерал-демокросиро агар ба сохтмоне ташбеҳ кунем, зоҳири ороишдодашуда дорад,ки дили бинандаи ноошно ба андаруни онро мефиребад; дар ҳоле ки хишт-хишти ин бинои ба зоҳир зебо аз фиребу тазвиру найранг сохта шудаву андаруни он пур аз олудагӣ ва нозебоӣ аст .
Расади рухдодҳо дар даруни кишварҳои дорои низоми либерал-демокросӣ ва ҳамчунин иқдомҳои ин кишварҳо дар қиболи кишварҳои дар ҳоли тавсеа ин фиребу найрангро исбот мекунад . Либерализм дар ҳоле, ки дам аз ҳуқуқи башару озодӣ ва ҳаққи интихоб мезанад ҳар гоҳе манофеи муддаиёни он эҷоб кунад ҳуқуқи башарро зери по мегузорад ва бо муртаҷеътарин давлатҳо дар ҷаҳон паймони дӯстӣ мебандад, бар ҷиноёти зиддибашарии саҳюнистҳои ҷангафрӯз алайҳи мардуми Фаластин чашм мебандад ва ҳар қатъномае, ки дар Созмони Миллали алайҳи саҳюнистҳо пешниҳод мешавад бо ҳаққи вето беасар мешавад.
Дар даруни ин кишварҳо табъизи нажодӣ ва мазҳабӣ бедод мекунад . Нодида гирифтани ҳуқуқи сиёҳпӯстону хушунати сохторӣ алайҳи онҳо дар Амрико ва ҳамчунин нодида гирифтану нақзи фоҳиши ҳуқуқи мазҳабии мусулмонон дар Амрикову Аврупо аз ҷумлаи мавориди табъизи нажодӣ ва мазҳабӣ аст . Қуръонсӯзӣ дар кишварҳои аврупоӣ ва ҳимояти расмии низоми сиёсӣ аз ин ҷиноят аз намунаҳои иддаоҳои хилофи воқеъи либерал-демокросӣ дар бора риояти ҳуқуқи башару каромати инсонӣ аст .
Дар ҳавзаи хориҷӣ низ таҳмили ҷангҳои хонумонсуз дар кишварҳои дар ҳоли тавсеа ва эҷоди фаҷоиъи инсонӣ аз ҷумлаи намунаҳои дар он аст . Ироқ, Афғонистон, Сурия, Яман ва Либиё бо улгӯи рафтории низомҳои либерал-демокросӣ шоҳиди вуқуъи бузургтарин фаҷоиъи башарӣ дар як даҳаи ахир буданд . Таҳримҳои золимонаву ҳадафманд алайҳи кишварҳои мустақил ба вижа Ҷумҳурии исломии Эрон низ аз дигар намунаҳо дар ин замина аст .
Бо тавваҷуҳ ба ин далоилу намунаҳои бисёри дигаре, ки вуҷуд дорад, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ рӯзи чаҳоршанбе ҷабҳаи муқобили низоми исломӣ, ки худро либерал-демокросӣ меномадро ҷабҳае дурӯғгӯ ва каззоб баршумурданд ва бо ишора ба воқеъиёти бешумори таърихи муосир гуфтанд : Ҷабҳаи муқобили миллати Эрон зидди озодихоҳӣ ва озодандешӣ ва мухолиф ҳар навъ демокрасии ғайривобаста ба мустакбирон аст ва истодагӣ ва муборизаи миллати Эрон ва низоми исломӣ бо ин ҷабҳа муборизаи тамаддунӣ ва ҷаҳонӣ аст .
Ишон авзоъи миллати бепаноҳу бечораи Украинаро шоҳиде бар тадовуми ангезаҳои истиъморӣ ва ғоратгаронаи Ғарб хонданд ва гуфтанд : Мардуми Украина бояд кушта шаванд; чаро ки манфиатҳои компанияҳои тавлиду фурӯши силоҳҳои Ғарб дар идомаи ҷанг дар Украина наҳуфта аст .

 

Барчасп