Июл 17, 2023 10:26 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии Эрон дар мусобиқоти валиболи қаҳрамони зери 21 соли ҷаҳон
    Қаҳрамонии Эрон дар мусобиқоти валиболи қаҳрамони зери 21 соли ҷаҳон

Тими миллии валиболи Эрон бо шикасти Италия қаҳрамони мусобиқоти валиболи зери 21 соли ҷаҳон шуд.

Ба гузориши Ирно, тими валиболи ҷавонони Эрон дар дидори ниҳоии мусобиқоти валиболи зери 21 соли ҷаҳон дар Маномаи Баҳрайн  ба масофи тими Италия рафт ва бо натиҷаи се бар ду ба пирӯзӣ расид ва бо иқтидор ва ҳашт бурди мутаволи қаҳрамони ҷаҳон шуд.

Миллипушони ҷавони Эрон дар дастаҳои дуввум ва саввум бо имтиёзи мушобеҳ 25 бар 23 мағлулиби Италия шуданд, аммо дар дастаҳои аввал, чаҳорум ва панҷум ба тартиб бо имтиёзҳои 25 бар 20, 25 бар 16 ва 15 бар 9 Италия мудофеъи унвони қаҳрамони ҷаҳонро аз пеши рӯ бардоштанд то барои дуввуминбор медали талло ва арзишманди ин рақобатҳоро аз они худ кунанд.

Image Caption

 

Барчасп