Июл 19, 2023 15:06 Asia/Dushanbe
  • Дабири кулли Шӯрои Ҳамкории Халиҷи Форс: Тавофуқи Эрон ва Арабистон ба тақвияти суботи минтақа кумак мекунад
    Дабири кулли Шӯрои Ҳамкории Халиҷи Форс: Тавофуқи Эрон ва Арабистон ба тақвияти суботи минтақа кумак мекунад

Дабири кулли Шӯрои Ҳамкории Халиҷи Форс, тавофуқи миёни Эрон ва Арабистон мабни бар аз саргирии равобити дипламатикро яке аз авомили таъсиргузор бар суботи минтақа тавсиф кард.

Эрон ва Арабистон пас аз ду соли музокира ва гуфтугӯ бо мизбонии Ироқ ва Уммон,даҳуми марти 2023 ва пас аз мулоқот ва гуфтугӯи чанд рӯза масъулони ниҳодҳои амнияти миллии дукишвар дар Пекин бо интишори баёнияе аз тавофуқи Теҳрон ва Риёз барои оддисозии равобити худ хабар доданд.

Ба гузориши шабакаи Алҷазира Дабири кулли Шӯрои Амнияти Ҳамкории Халиҷи Форс дар суханоне таъкид кард: Тамоми кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс, аз оддисозии равобити миёни Эрон ва Арабистон истиқбол карданд.

Албадавӣ афзӯд: Оддисозии равобит миёни Теҳрон ва Риёз,дар тақвияти суботи минтақа, нақш ифо мекунад ва мо тамоил дорем музокироти амиқи бо Эрон дар чорчӯби қавонини байналмиллал анҷом диҳем.

Вай ҳамчунин гуфт: Мавзуъи иқтисодии кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс,муҳимтарин ва бузургтарин чолиши пеши рӯи моро эҷод мекунад. Мо барои тақвияти авомили дастёбӣ ба рушди иқтисодӣ, талош мекунем ва як иродаи ошкор ва мушахас миёни раҳбарони ин кишварҳо барои таҳқиқи рушди иқтисодӣ вуҷӯд дорад.

Гуфтани аст, аз саргирии равобити сиёсии Эрон ва Арабистонро бояд як нуқтаи атфи муҳим дар таҳавулоти минтақаӣ ва байнамиллалӣ донист.

Бештар бихонед:

 

Барчасп