Июл 23, 2023 11:41 Asia/Dushanbe
  • Фармондеҳи кулли Сипоҳ : Иҳонаткунандагон ба Қуръони карим муҷозот хоҳанд шуд

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар вокуниш ба иҳонати муҷаддад ба соҳати муқаддаси Қуръони карим гуфт : Омилони ин ҷиноят ба ашадди муҷозот хоҳанд расид .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории донишҷӯёни Эрон ( ИСНА ), сардор,сарлашкари посдор Ҳусайни Саломӣ-фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ тасреҳ кард : Аз такрору таволии иҳонат ба Қуръону муқаддасоти мусалмонон ва балки ҳамаи муваҳҳидони олам чунин бармеояд, ки ин иқдом як роҳбурду сиёсати шайтонии таърифшуда дар утоқҳои фикри зиддият бо Ислому ҷаҳони ислом аст, ки ҳар аз чандгоҳе таҳти шиори фиребандаи озодии баёну ақида тавассути аносири муздӯр ба вижа дар Аврупо падидор мешавад .
Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ афзуд : Ҷасоратҳо ба муқаддасоти мусулмонон мӯҷиби иттиҳоду инсиҷоми бештари уммати исломӣ ва ба вижа тавваҷуҳи амиқтару густардатари насли ҷавон дар ақсо нуқоти олам ба ҳақоиқу мафоҳими нӯронӣ ва ҳаётбахши Қуръони маҷид шуда ва илова бар барангехтатар шудани эҳсосоти мусулмонони зидди душманони Ислом, беш аз ҳар мақулае иҳонаткунандагон ба муқаддасоти диниро омоҷи хашм, нафрату интиқоми онон қарор медиҳад.
 

 

Барчасп