Таъкид бар зиндагии амни ошуриён дар Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i10549-Таъкид_бар_зиндагии_амни_ошуриён_дар_Эрон
Усқуфи аъзами калисои ошурии шарқи Эрон гуфт, амнияти ошуриёни муқими шаҳрҳои Эрон бисёр боло аст.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Декабр 26, 2016 17:59 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар зиндагии амни ошуриён дар Эрон

Усқуфи аъзами калисои ошурии шарқи Эрон гуфт, амнияти ошуриёни муқими шаҳрҳои Эрон бисёр боло аст.

Морнерсой Бинёмин, усқуфи аъзами Калисои ошурии шарқи Эрон, рӯзи душанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА, афзуд, дар Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ҳамаи мардуми ҷомеа амният вуҷуд дорад ва ошуриён низ аз амнияти болое бархӯрдор ҳастанд.

Морнерсой Бинёмин бо қадрдонӣ аз масъулони олирутбаи Эрон дар таъмини амнияти Ошуриён, таъкид кард, ошурёни Эрон дар амнияти комил маросимҳои худро баргузор мекунанд.

Бар хилофи таблиғоти иддаоӣ ва дурӯғини бархе аз кишварҳои ғарбӣ, ақаллиятҳои динӣ дар Эрон борҳо бар озодии баён ва мазҳаб дар Эрон изъон кардаанд.

Усқуфи аъзами калисои ошурии шарқи Эрон ҳамчунин дар бораи иқдомоти гурӯҳи террористии ДИИШ дар куштори ошуриёни Ироқ ва Сурия тасреҳ кард, ҳар иқдоме ба номи дин дар куштор, оворагӣ ва тахриби фарҳанг ва мазҳаб дар ҳар куҷои ҷаҳон маҳкум аст.