Қаҳрамонии фарангикорони навҷавони Эрон дар мусобиқоти ҷаҳонӣ
Тими миллии Эрон қаҳрамони мусобиқоти кушти(гуштини)и фарангии навҷавонони ҷаҳон шуд.
Ба гузориши хабаргузории Эрон пресс, рақобатҳои куштии фарангии навҷавонони қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Истонбули Туркия баргузор шуд ва дар поён тими Эрон қаҳрамони ҷаҳон шуд.
Тими Эрон бо медали тиллои Паёми Аҳмадӣ дар вазни 48 килограм, медали нуқраи Аҳмадризои Муҳаммадиён дар вазни 71 килограм ва 2 медали бринҷиии Алиризои Амирӣ дар вазни 45 килограм ва Амирҳусайни Абдувалӣ дар вазни 110 килограм ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт.
Дар радабандии тимӣ Эрон бо 113 имтиёз ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт ва тимҳои Озарбойҷон бо 108 ва Гурҷистон бо 96 имтиёз дувум ва сеюм шуданд.
Сайидиброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон низ дишаб (чаҳоршанбе) дар паёми қаҳрамонии тими миллии куштии фарангии навҷавонони Эрон дар рақобатҳои ҷаҳонии Туркияро табрик гуфт.