Раисӣ дар ихтитомияи ҷашнвораи миллии расонаҳои Эрон: Хабарнигорон пули иртиботи миёни мардум ва мудирон ҳастанд
(last modified 2023-08-08T11:50:34+00:00 )
Август 08, 2023 16:50 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ дар ихтитомияи ҷашнвораи миллии расонаҳои Эрон: Хабарнигорон пули иртиботи миёни мардум ва мудирон ҳастанд
    Раисӣ дар ихтитомияи ҷашнвораи миллии расонаҳои Эрон: Хабарнигорон пули иртиботи миёни мардум ва мудирон ҳастанд

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки хабарнигорон пули иртиботи миёни мардум ва мудирон ҳастанд гуфт: Хабарнигорон ба унвони расона бояд дар дили мардум умедофарини кунед.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайид Иброҳими Расӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рузи сешанбе дар ойини таҷлил аз асҳоби расона бо табрики фаро расидани рузи хабарнигор ва ишора ба аҳамияти ва шуғи хабарнигорон афзуд: Қалам ва хабарнигор тасвирсозон ва таърихнигарон аз ҷойгоҳи болоӣ бархурдор ҳастанд, ки бояд бо истифода аз абзоре ки дар ихтиёр доранд ахбор ва иттилоъотро ба мухотабон интиқол диҳанд.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон неруи инсони аз муҳимтарин меҳварҳо дар бахши хабар донисту гуфт: Агарчи бо пешрафти техналогия абзори интиқоли хабар бисёр афзоиш ёфт аммо ин неруи инсони аст, ки бояд нақши меҳвари дошта ва даст ба қалам бурда ва бо ҳунари хуб дар беҳтарин шакли мумкин матолибро барои мухотабон парвариш диҳад.

Раисӣ бо қадрдони аз аҳолии расона таъкид кард: Ҷараёни расонаи душман ба дунболи ҷилва додани ботил ба унвони ҳақ ва ҳақ ба унвони ботил аст ва мехоҳад фазоро олуда нишон диҳад, дар ин ҷанги шинохти бояд бо истифода аз абзори дифоъи шинохти ба муқобила бо душман рафт.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки бояд пешрафтҳо диҳа шавад гуфт: Баёни мушкилот аз суи мунтақидин мусталзими он аст, ки ҳамроҳи ироаи роҳкор бошад ва касоне, ки аҳли андеша ва фикр ҳастанд бояд барои берун рафтани кишвар аз ин мушкилот роҳкор ироа диҳанд.

Барчасп