Ҳуҷҷатилислом Абутуробифард : Инқилоби исломӣ ҳуввияти худро аз мадрасаи Ошуро дорад
(last modified Fri, 11 Aug 2023 16:15:33 GMT )
Август 11, 2023 21:15 Asia/Dushanbe
  • Ҳуҷҷатилислом Абутуробифард : Инқилоби исломӣ ҳуввияти худро аз мадрасаи Ошуро дорад

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо баёни инки Инқилоби исломӣ ҳуввияти худро аз мадрасаи Ошуро дорад таъкид кард, агар Ошуро набуд, Инқилоби исломӣ набуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳуҷҷатилисломи валмуслимин Абӯтуробифард дар хутбаҳои намози ҷумъаи имрӯзи Теҳрон тасреҳ кардадрисаи Ошуро Сурияро аз чанголи Амрико хориҷ ва Яманро ба намоди муқовимат табдил кардааст.
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон афзуд: Мадрасаи Ошуро ҷанги 33 рӯзаи Ҳизбуллоҳи Лубнон ва режими саҳюнистиро халқ мекунад ва ин мадраса аст, ки шаҳид, сардор Сулаймониҳо ва шуҳадои дифои муқаддасро тарбият кардааст.
Ҳуҷҷатилислом Абӯтуробифард бо ишора ба сухане аз шаҳид Сулаймонӣ мабнӣ бар инки Исроил пас аз ҷанги 33 рӯза бозигари шикастхӯрдаву мунфаил буд гуфт: Ин мардони ошӯроӣ режимеро, ки бо таҳдиди амният худро халқ карда буд, ба шикаст водор карданд.
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ба оғози пешсабти ном аз довталабони интихоботи Маҷлиси шӯрои исломии Эрон ҳам ишора кард ва онро мазҳари ҳокимияти миллат ва ҳузури мардум дар арсаи муҳими идораи кишвар донист.
Ҳуҷҷатилислом Абӯтуробифард хотирнишон кард, бо пирӯзии Инқилоби исломӣ ва суқӯти низоми истибдодӣ ва тадвини Қонӯни асосӣ роҳ барои мушорикати миллати Эрон ва идораи кишвар ба дасти тавонои миллат гушуда шуд.