Амирабдуллоҳиён дар дидор бо раиси порлумони Лубнон: Арзёбиҳо аз раванди пешрафти равобит бо Арабистони Саудӣ мусбат аст
(last modified 2023-09-01T12:33:27+00:00 )
Сентябр 01, 2023 17:33 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён дар дидор бо раиси порлумони Лубнон: Арзёбиҳо аз раванди пешрафти равобит бо Арабистони Саудӣ мусбат аст

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар дидор бо раиси порлумони Лубнон таъкид кард, арзёбиҳо аз раванди пешрафти равобит бо Арабистони Саудӣ мусбат аст.

Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон имрӯз (ҷумъа) дар ҷараёни сафар ба Лубнон бо Набиҳ Берӣ, раиси порлумони ин кишвар дидору гуфтугӯ кард.

Вазири умури хориҷаи Эрон дар дидор бо раиси порлумони Лубнон бо ишора ба таҳаввулоти минтақаӣ, гуфт, арзёбии Эрон аз раванди пешрафти равобит бо Арабистони Саудӣ мусбат аст ва ин амр илова бар равобити дуҷониба бар таҳаввулоти минтақа низ таъсироти мусбате дорад.

Вай гуфт, интихоби раисиҷумҳур ва ташкили давлати ҷадиди Лубнон бисёр муҳим аст ва албатта ин мавзӯ дар салоҳияти миллату раҳбарони сиёсии Лубнон аст ва Эрон аз талошҳои раиси маҷлису ҷараёнҳои сиёсии Лубнон барои интихоби раисиҷумҳур ҳимоят мекунад.

Набиҳ Берӣ низ дар ин дидор бо таъкид бар инки муҳимтарин мавзӯ дар Лубнон, мавзӯи раёсатҷумҳурист, гуфт, талошҳо барои дастёбӣ ба тавофуқ миёни тарафҳои лубнонӣ дар ин замина идома дорад.

Вай таъкид кард, муҳимтарин иллати фишор бар Лубнон, ҳадаф қарор додани муқовимат аст ва муқовимат ҳомии Лубнон дар муқобили таҳдидот ва дар канори артиш рукни асосии амнияти Лубнон аст.

Раиси маҷлиси Лубнон, аз таҳаввулоти мусбат дар равобити Эрону Арабистон ибрози хурсандӣ кард ва онро ба нафъи кулли минтақа донист.

 

 

Барчасп