Вижабарномаҳои азодории Арбаъини ҳусейнӣ дар ҳарами муттаҳари Разавӣ
Ҳамзамон бо фаро расидани аёми Арбаъин ҳарами мутаҳҳари Разавӣ бо вижабарномаҳои мизбони азодорони ҳусейнӣ хоҳад буд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон остони қудси Разавӣ дар канори мушорикати фаъол дар барпоӣ ҳамосаи Арбаъин ва пуштибони аз 90 мукеби Эрон ва Ироқ бо масъулони конунҳои ходимёри бо баргузории бошукуҳи маросими азодори дар ҳарами мутаҳҳари Разавӣ низ мизбони зоирон ва муҷовирони ҷомонда аз Арбаъин хоҳад буд.
Бар ин асос ба ҳиммати муовинати таблиғоти остони қудси Разавӣ сешанбе 14 шаҳривар мусодиф бо шаби Арбаъини ҳусейнӣ маросими меҳвари азодори ҳарам пас аз иқомаи намози мағриб ва ишо дар ривоқи имом Хумайнӣ(р) баргузор мешавад.
Ин маросим бо қироати зиёрати Аминуллоҳ тавассути мадоҳ ва зокири аҳлубайти исмат ва таҳорат(а) Ҷаъфари Малоика оғоз мешавад ва дар идома ҳуҷатулислом валмуслимин Ҳайдари Кошони ба ироди сухан мепардозад.
Дар ин маҳфил азодорони ҳусейнӣ фарозҳои дуъои тавасулро низ ҳамроҳ бо ҳуҷалтулислом валмуслимин Маҳдии Шуҷоъ замзама хоҳанд кард.
Дар рузи чаҳоршанбе ва ҳамзамон бо Арбаъини ҳусейнӣ низ вижабарномаи аз соати 8:40 ҳамроҳ бо қироати оёти чанд аз Қуръони Маҷид баёни аҳком, шеърхони, қироати зиёрати Аминуллоҳ ва марсиясароӣ дар ҳарами мутаҳҳари Разавӣ баргузор хоҳад шуд.
Дар шоми Арбаъини шаҳодати имом Ҳусейн(а) низ маҳфили азодори ҳарами мутаҳҳари Разавӣ бо суханронии ҳуҷатулислом валмуслимин Сайид Ҳамиди Мирбоқири ва мадоҳи ҳоҷ Муртазо Иломинажод баргузор хоҳад шуд.