Канъонӣ : Эрон ба пешбурди барномаи ҳастаии худ идома медиҳад
Сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон дар вокуниш ба баёнияи ахири шӯрои вазирони Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс дар хусӯси барномаи ҳастаии сулҳомези Ҷумҳурии исломӣ гуфт: Эрон ба пешбурди барномаи ҳастаии худ идома медиҳад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Носири Канъонӣ-сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон дар хусӯси иддаоҳои марбут ба барномаи ҳастаии сулҳомези Эрон таъкид кард: Ҷумҳурии исломии Эрон ба пешбурди барномаи сулҳомези ҳастаии худ ва ҳамкорӣ бо Ожонси байналмилалии энержии атомӣ тибқи ҳуқуқу таколифи зайли муоҳидаи густариш надодан ва мувофиқатномаи ҷомеъи подмон ба сурати созанда идома дода ва таҳти таъсири мудохилот ва фишорҳои сиёсӣ ва таблиғотӣ қарор намегирад.
Канъонӣ бо ишора ба зарурати ҳифозати ҳамаи тарафҳо аз фазои мусбати ҷадиди ҳоким бар фазои минтақа ва лузӯми тақвияти раванди ҳамафзоӣ ва ҳамгаройии минтақаӣ дар масири таъмини манофеу масолеҳи муштараки миллатҳои минтақа афзуд: Ҷумҳурии исломии Эрон аз ҳамсоягон интизор дорад бо рӯйкарди воқеъбинона аз тарҳи иддаоҳои ғайривоқеъӣ парҳез карда то замина барои беҳбуду таъмиқи муносиботи минтақаӣ фароҳам шавад .
Сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунин бо баёни инки ҷазираҳои сегонаи Абумусо,Тунби бузург ва Тунби кучак ҷузъи ҷудонашуданӣ ва абадии хоки Эрон аст, изҳор кард:Баёнияи ахири нишасти шӯрои вазирони Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс орӣ аз ҳар гуна арзиши сиёсӣ ва ҳуқуқӣ аст.
Канъонӣ афзуд:Ҷумҳурии исломии Эрон борҳо бар тамомияти сарзаминии худ таъкид карда ва бар ҳокимияти худ бар ҷазоири эронӣ бар асоси усӯлу қавоиди пазируфташудаи ҳуқуқи байналмилал тасреҳ кардааст.