Сентябр 12, 2023 18:37 Asia/Dushanbe
  • Генерал Ҳайдарӣ: Неруҳои мусаллаҳи Эрон ҳайманаи пушолии Амрикоро дарҳам шикастанд
    Генерал Ҳайдарӣ: Неруҳои мусаллаҳи Эрон ҳайманаи пушолии Амрикоро дарҳам шикастанд

Фармондеҳи неруи заминии артиши Эрон гуфт: Неруҳои мусаллаҳи Эрони исломӣ бо фадокори, ҷонфишонӣ ва хастагинопазири ҳайманаи пушолии Амрикоро дар ҳам шикастанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон генерал Ҳайдари фармондеҳи неруи заминии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон изҳор кард Ҷумҳурии Исломии Эрон имруз дар минтақа ва дунё асаргузор аст.

Генерал Ҳайдари таъкид кард ҳамаи дунё диданд, ки Эрон пойгоҳи Айнуласадро мушакборон ва амрикоиҳоро аз Халиҷи Форс берун кард ва пеҳподҳои мутаҷовизи амрикоиро бо ҷуръат мавриди ҳадаф қарор дод.

Фармондеҳи неруи заминии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард ҳамаи душманон бояд бидонанд, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷурғорияи муқовимат истода ва ақибнишини нахоҳад кард.

Генерал Ҳайдари бо ишора ба атлоши неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон барои худкафоӣ дар ҳамаи абъод гуфт Эрон дар буъди худкифоӣ ба вижа дар саноати дифоъи имруз муҳтори ҳеҷ кишвари нест.

Барчасп