Сентябр 22, 2023 19:36 Asia/Dushanbe
  • Гиромидошти солрӯзи ҳафтаи Дифои муқаддас
    Гиромидошти солрӯзи ҳафтаи Дифои муқаддас

Фармондеҳи кули Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон гуфт, ҳамлаи низомӣ ба хоки Эрон вокуниши сарсахтонаи қудратҳои истикбории он рӯз ва муттаҳидону шуракои онҳо дар муқобили падидаи навини сиёсии истисноӣ ба номи инқилоби исломӣ буд.

Ба гузориши ИРНА, сардори сарлашкар Ҳусайни Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар суханронии пеш аз хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон, бо гиромидошти солрӯзи ҳафтаи Дифои муқаддас афзуд: Инқилоби исломӣ тавонист бо тулӯи хуршеди Ислом аз Машриқ зилзилаи сиёсии шадидеро дар назми сохтаи қудратҳои он рӯз ворид кунад.