Оғози содироти LPG-и Русия ба Покистон аз масири Эрон
(last modified Wed, 27 Sep 2023 12:35:02 GMT )
Сентябр 27, 2023 17:35 Asia/Dushanbe
  • содироти гази Маскав ба Исломобод
    содироти гази Маскав ба Исломобод

Содироти гази мойеъ (LPG)-и Русия ба Покистон аз масири Эрон оғоз шудааст.

Ҳамзамон бо интишори гузориши Вазорати энержии Покистон дар хусуси коҳиши 20 дарсадии захоири газии ин кишвар, давлати Исломобод барои таъмини ниёзи худ воридоти гази мойеъ аз Русияро оғоз кардааст.

Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбеи шабакаи хабарии "Экспресс нюс"-и Покистон, аввалин маҳмулаи воридотии гази мойеъи Покистон аз Русия боргирӣ ва аз масири минтақаи вижаи иқтисодии Сарахси Эрон ба Покистон таҳвил дода шуд.

Бар асоси ин гузориш, ин маҳмула шомили сад ҳазор тон LPG аст, ки пас аз музокирот миёни мақомоти Покистону Русия харидорӣ шудааст.

Сафорати Русия дар Покистон эълом кард, содироти гази Маскав ба Покистон барои фасли зимистони имсол идома хоҳад дошт.

Музокирот барои ирсоли дуюмин маҳмулаи гази мойеъ низ ҳамчунон идома дорад.