Паҳподи камони 19-и неруии ҳавои артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон амалиётӣ шуд
(last modified Tue, 03 Oct 2023 11:44:45 GMT )
Октябр 03, 2023 16:44 Asia/Dushanbe
  • Паҳподи камони 19-и неруии ҳавои артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон амалиётӣ шуд
    Паҳподи камони 19-и неруии ҳавои артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон амалиётӣ шуд

Сухангуи размоиши муштараки паҳподии 1402 артиши Ҷумҳурии Исломӣ Эрон гуфт: Амалиёти ихтилол дар иртиботи паҳподӣ ба сурати ҳавопоя ва тавассути паҳподҳои абобили 4 ва камони 19 бо муваффақият иҷро шуд.

Размоиши муштараки паҳподии 1402 артиши Ҷумҳурии Исломии Эрони бомдоди имрӯз се шанбе бо ширкати қариби 200 фарванди анвоъи паҳпод аз ягонҳои мунтахаби неруҳои чаҳоргонаи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар густараи ҷуғрофиёии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз обҳои гарми Халиҷи Форс ва дарёии Уммон дар ҷануб то манотиқи шарқ, ғарб, шимол ва марказии кишвар оғоз шуд 

Генерал Алиризои Шайх сухангуи размоиши муштараки паҳподии 1402 артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Дар марҳалаи аввали размоиш ягонҳои ҷанги электроники аз неруҳои чаҳоргонаи артиши равишҳо ва роҳкорҳои ҷанги электроникиро тамрин ва иҷро карданд.

Генрал Шайхи афзуд: Амалиёти ихлоли иртиботии замини поя дар иртиботи паҳпод бо истгоҳи кантроли замини ва ихлоли электроники бар руи паҳподҳои муҳоҷими неруии ҳамлавар ва кантроли ин паҳподҳо ба манзури ҷилавгирӣ аз нуфуз ба минтақаи размоиш аз ҷумлаи иқдомоти суратгирифта дар ин бахш аз размоиш буд ки тавассути неруҳои ҷанголии ҳозир дар минтақаи размоиш тамрин шуд.

Сухангуи размоиши муштараки паҳподии 1402 артиш бо ишора ба амалиёти муваффақиятомез паҳподи камони-19 артиш дар ҷараёни ин размоиши тахассуси афзуд: Паҳподи камони 19 барои нахустин бор бо анҷоми парвози размӣ ба чархаи амалиётии ин неру ворид шуд ва бо парвоз аз яке аз пойгоҳҳои паҳподии артиши ҷанги электроники ихлоли радарӣ ба сурати ҳавопояро бо муваффақият анҷом дод.