Октябр 21, 2023 10:57 Asia/Dushanbe
  • Ереванӣ : Куштори беравияи мардуми бегуноҳи Ғазза намунаи моҳияти ҷиноёти ҷангӣ аст

Амирисаиди Ереванӣ-сафиру намояндаи доими Эрон дар Созмони Миллал гуфт : Куштори беравияи мардуми бегуноҳи Ғазза аз ҷумла занону кӯдакон дар ҷараёни бомбаборони ҳавои 14 рӯза, ки зерсохтҳои ҳаётӣ ва ғайринизомиро вайрон кард, намунаи шадидтарин моҳияти ҷиноёти ҷангӣ аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Амирисаиди Ереванӣ,рӯзи ҷумъа дар нишасти Шӯрои Амнияти Созмони Миллал бо мавзӯи " Сулҳ аз тариқи гуфтугу : Саҳми ҳамкории минтақаӣ, зери минтақаӣ дуҷониба дар пешгирӣ ва ҳаллу фасли мусолиматомези ихтилофот ", афзуд : Имрӯз ҷомеъаи ҷаҳонӣ шоҳиди афзоиши ҳавлноки дигарӣ дар ҷиноёту муҷозотҳои ҷамъӣ алайҳи мардуми Фаластин дар навори Ғазза тавассути режими Исроил ба вижа ҳамалоти террористии шанеъ ба бемористони Алаҳлӣ аст.
Ереванӣ изофа кард : Ҳадаф қарор додани барқасдонаи як бемористон  бо нақзи ошкори қонунҳои байналмилалии башардӯстона, чизе ҷуз ҷинояти ҷангӣ нест.
Сафири Эрон афзуд : Аз Созмони Миллали Муттаҳид ва Шӯрои Амният мехоҳем, ки барои поён додан ба ин трагедӣ, ки намунаи наслкушӣ, ҷинояти алайҳи башарият ва ҷинояти ҷангӣ аст, иқдоми фаврӣ анҷом диҳанд.
Вай таъкид кард : Пас аз ҳафт даҳаи бекунишӣ, Шӯрои Амният акнун бояд ба масъӯлияти худ амал кунад ва иқдоми қотеъ барои расидагӣ ба мусибати ҷории мардуми Фаластин анҷом диҳад.
Тадовуми рӯйкарди нажодпарастонаи режими саҳюнистӣ ва куштори мардуми мазлӯми Фаластин мӯҷиб шуд муқовимати Фаластин 7 октябри 2023 дар амалиёти « Тӯфони алқсо » заработи сангину ҷуброннопазириро ба ин режим ворид кунад ва даст кам ду ҳазор саҳюнистро ба ҳалокат бирасонад.
Аз ин рӯ режими саҳюнистӣ барои ҷуброни шикасти саҳмгини худ ба куштори ғайринизомиёну мардуми мазлӯми Фаластин рӯй оварда ва бо ҳадаф қарор додани амокини маскӯнӣ, дармонӣ, масоҷид ва маконҳои таҷаммуъи оворагони фаластинӣ дар Ғазза беш аз чаҳор ҳазор фаластинӣ, ки бештари онҳо кӯдаку зан ҳастандро ба шаҳодат расонда аст.
Бинобар эъломи Вазорати беҳдошти Фаластин то имрӯз ҷумъа, 4 ҳазор 137 фаластинӣ шаҳид ва беш аз 13 ҳазор нафар дар ин ҳамалот маҷрӯҳ шудаанд.

 

Барчасп