Раҳбари муаззами инқилоб: Майдони Ғазза ва Исроил, майдони ҳақ ва ботил аст (мухтасар)
(last modified 2023-11-01T10:05:18+00:00 )
Ноябр 01, 2023 15:05 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Майдони Ғазза ва Исроил, майдони ҳақ ва ботил аст (мухтасар)

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо ишора ба ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Ғазза гуфтанд: «Майдон, майдони Ғазза ва Исроил нест, майдон, майдони ҳақ ва ботил аст.»

Ба гузориши дафтари ҳифзу нашри осори ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ имрӯз (чаҳоршанбе) дар дидори ҷамъе аз донишомӯзону донишҷӯёни саросари Эрон дар ҳусайнияи имом Хумайнӣ (раҳ.) афзуданд: «Мардуми Ғазза бо сабрашони виҷдони башариро ба ҳаракат дар овараданд.»

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ тасреҳ карданд: «Дар ҳамин кишварҳои ғарбӣ, дар Англия, Фаронса, Италия, худ Амрико ва иёлатҳои мухталиф, мардум бо ҷамъиятҳои анбӯҳ бо ҳузур дар хиёбон, алайҳи Исроил ва дар мавориди бисёре алайҳи Амрико шиор медиҳанд.»

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ хотирнишон карданд: «Як аблаҳе ахиран гуфта буд, иҷтимои мардум дар Англия дар ҳимоят аз мардуми Фаластин кори Эрон аст, лобуд басиҷи Лондон ва басиҷи Порис ин корро кардаанд?»

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин бо баёни инки мансӯб кардани душмании Амрико бо миллати Эрон ба ҳодисаи тасхири сафорат як дуруғи бузург аст, афзуданд: «26 сол қабл аз ҳодисаи сафорат кудатои 28 мурдод иттифоқ афтода; он рӯз ки дигар касе ба сафорат нарафта буд!»

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ гуфтанд: «асноде, ки аз сафорати Амрико бадаст омад, ки алон 80 - 70 ҷилд китоб аст, нишон дод, ки аз ҳамон рӯзҳои аввал баъд аз пирӯзии инқилоб сафорати Амрико маркази тавтеъа ва ҷосӯсӣ алайҳи Эрон буда, ҳатто дар сафорати Амрико тарроҳии кудато ва тарроҳии ҷанги дохилӣ анҷом мешуд.»

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд: «яъне сафорати Амрико аз аввалин рӯзҳои шурӯи инқилоб маркази тавтеъа алайҳи кишвар ва алайҳи инқилоб буда ва рабте ба тасхири лонаи ҷосӯсӣ надорад.»

 

Барчасп