Ғарибободӣ: Ҷомеаи байналмилал барои таваққуфи ҷиноёти режими саҳюнистӣ иқдом кунад
(last modified Wed, 01 Nov 2023 12:45:09 GMT )
Ноябр 01, 2023 17:45 Asia/Dushanbe
  • Ғарибободӣ дар бораи ҳуқуқи башар дар ҳаводиси ахири Ғазза сухан гуфт
    Ғарибободӣ дар бораи ҳуқуқи башар дар ҳаводиси ахири Ғазза сухан гуфт

Дабири Ситоди ҳуқуқи башари Эрон аз мақомҳои созмонҳои байналмилалӣ хост, барои таваққуфи ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза вориди амал шаванд.

Ҳамлаи ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ ба манотиқи маскунии борикаи Ғазза вориди чаҳорумин ҳафтаи мутаволии худ шудааст ва бар асоси эъломи Вазорати беҳдошти Фаластин ҳудуди 9 ҳазор фаластинӣ шаҳид шудаанд, ки ниме аз онон кӯдакони бедифоъ ва мазлум ҳастанд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Козими Ғарибободӣ, дабири Ситоди ҳуқуқи башари Эрон дар ҳамоиши «баррасии абъоди ҳуқуқии режими саҳюнистӣ ба Ғазза ва масъалаи Фаластин» дар Теҳрон, бо баёни ин ки мавзӯи ҳуқуқи башар дар ҳаводиси ахири Ғазза бисёр тааммулангез аст, изҳор дошт, бар асоси ҳуқуқи байналмилал дар даргириҳо набояд афроди ғайринизомӣ мавриди ҳадаф қарор гиранд.

Ғарибободӣ афзуд, дар рӯзҳои гузашта бархе аз мақомҳои созмонҳои байналмилалӣ ба ҷои ифои вазоифашон мавзеъгирии сатҳӣ карданд ва аз ҳар ду тарафи даргирӣ дархости хештандорӣ карданд, дар ҳоле ки вазъияти ду тараф мушобеҳи якдигар нест.

Дабири Ситоди ҳуқуқи башари Эрон бо ишора ба ин ки як тараф ишғолгару дигаре барои расидан ба ҳақи худ талош мекунад, гуфт, вазифаи ниҳодҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи башарӣ ин аст, ки тарафи ишғолгарро таҳти фишор қарор диҳанд то ба ишғолгарӣ поён диҳад, на ин ки бихоҳанд хештандорӣ кунад.

Ғарибободӣ бо баёни ин ки бо гузашти ҳудуди як моҳ ва шаҳодати ҳудуди 9 ҳазор нафар аз мардуми Фаластин, як ҷаласаи изтирории ҳуқуқи башар низ ташкил нашудааст, тасреҳ кард: Агар созукорҳои ҳуқуқи башарӣ алон наметавонанд ҷилави таҷовуз ва ин ҷиноятҳоро бигиранд, пас чӣ коре аз дасташон бармеояд? Барои кучактарин иттифоқ дар кишварҳои мустақил баёнияҳои мутааддид содир мекунанд, аммо ҳоло ки шоҳиди куштори ҳазорон фаластинии бепаноҳ ҳастем, ҳеҷ иқдоми муассире анҷом намедиҳанд.