Ноябр 05, 2023 20:53 Asia/Dushanbe
  • Исмоили Ҳания дар ҳузури Раҳбари муаззами инқилоб
    Исмоили Ҳания дар ҳузури Раҳбари муаззами инқилоб

Раиси дафтари сиёсии Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) ва ҳайати ҳамроҳ бо ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дидор кард.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, Исмоили Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҳамос дар ин дидор гузорише аз охирин таҳаввулоти Ғазза ва ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза ва ҳамчунин таҳаввулоти Каронаи Бохтарӣ баён кард.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ низ бо қадрдонии муҷаддад аз сабру истиқомати мардуми устувори Ғазза ва изҳори таассуфи шадид аз ҷиноёти режими саҳюнистӣ, ки бо ҳимояти мустақими Амрико ва бархе кишварҳои ғарбӣ анҷом мешавад, бар сиёсати ҳамешагии Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳимоят аз неруҳои муқовимати Фаластин дар муқобили ишғолгарони саҳюнист таъкид карданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин лузуми таҳарруки ҷиддии кишварҳои исломӣ ва маҷомеи байналмилалӣ ва ҳимояти ҳамаҷонибаву амалии давлатҳои исломӣ аз мардуми Ғаззаро мавриди таъкид қарор доданд.

 

Барчасп