Ноябр 22, 2023 15:40 Asia/Dushanbe

Қаҳрамонони варзиши кишвару медоловарони мусобиқоти осиёӣ ва параосиёии Эрон субҳи имрӯз (чаҳоршанбе аввали озармоҳ) бо ҳузур дар ҳусайнӣяи имом Хумайнӣ (раҳ.) бо ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Инқилоби Исломӣ дидор карданд.

Раҳбари инқилоб дар ин дидор фармуданд, режими саҳюнистӣ дар ҳодисаи Тӯфони Ал Ақсо зарбаи фаннӣ шуд. Яъне Ҳамос ба унвони як гуруҳи мубориз ва на давлату кишвар бо имконоти зиёд, тавонист давлати ғосиби саҳюнистро бо он ҳама имконот зарбаи фаннӣ кунад.

Эшон бо баёни инки яке аз тавсияҳое, ки ман чанд сол қабл ба масъулини варзиши кишвар кардам, ин буд, ки ин варзиши бостониро саъй кунанд, байналмилалӣ кунанд, фармуданд: Ин варзиш бисёр варзиши зебо аст. Ва нукоте тамошоӣ барои ҳар алоқаманд ба варзиш дорад.

Раҳбари муаззами инқилоб бо баёни ташаккур аз варзишкороне, ки дар дифо аз ормонҳои мардуми мазлӯми Фаластин амал мекунанд гуфтанд: Ташаккур мекунам аз он тими миллие, ки ба нишонаи дифо аз мазлӯм бо чафиа(дасмоли фаластинӣ) вориди замин шуд ва варзишкорҳое, ки ҳар кадоме ба наҳве дар ҳимоят аз Фаластин мавзеъ гирифтанд, медолашонро ба кӯдакони Ғазза доданду медолашонро ба шуҳадои бемористон, ки маҳали фоҷеъаофаринии режими саҳюнистӣ буд, эҳдо карданд ва ташаккур мекунам аз варзишкороне, ки аз рӯёрӯӣ бо тарафи саҳюнист худдорӣ карданд.

Эшон афзуданд: Имрӯз маълум мешавад, ки инҳо чӣ кори дурусте анҷом доданд, ҳаққонияти инҳо имрӯз бештар аз ҳамеша ошкор мешавад ва ин корҳо чеҳраи барҷаста ва шохису дорои мантиқу дорои эътимод ба нафас аз миллати Эронро дар муқобили чашмҳои садҳо миллион мардуми тамошогари варзиш нишон медиҳад.

Эшон фармуданд, Имрӯз ҳамаи дунё дигар фаҳмиданд, ки варзишкори эронӣ чаро розӣ намешавад бо тарафи саҳюнист рӯбарӯ бишавад дар майдон, инро дигар имрӯз дунё фаҳмида, чун ӯ ҷинояткор аст, чун барои як давлати ҷинояткор дорад варзиш мекунад ва дар майдон меояд ва кумак ба ӯ кумак ба режими террорист ва ҷинояткор аст.

Раҳбари муаззами инқилоб бо баёни инки режими саҳюнистӣ дар ҳодисаи Тӯфон Ал Ақсо зарбаи фаннӣ шуд, хотирнишон карданд: Ҳамос ба унвони як гуруҳи мубориз, на ба унвонии як давлат, на ба унвонии як кишвар бо имконоти зиёд ба унвонии як гуруҳ, як гуруҳи мубориз тавонист давлати ғосиби саҳюнистро бо он ҳама имконот зарбаи фаннӣ кунад.

Эшон дар идома фармуданд: саҳюнистҳо то имрӯз ҳам натавонистанд аз зери бори фишору нанаге, ки ин шикаст бар онҳо ворид карда, худашонро хориҷ кунанд.

Раҳбари муаззами инқилоб бо интиқод аз зӯргӯиҳои режими ҷаълии саҳюнист, афзуданд, онҳо қудратнамоӣ мекунанд, аммо куҷо? дар бемористон маризҳои Ғазза, дар мадрисаи Ғазза ва рӯи сари мардуми бепаноҳи мардуми Ғазза, ки ин қудратнамоии арзишӣ надорад. Ин мавзӯ мисли ин аст, ки як варзишкоре дар майдон шикаст бихӯрад, баъд барои талофии он шикаст ба тарафдорҳои тими муқобил ҳамла кунад, ба онҳо фаҳҳошӣ кунад ва онҳоро кутак бизанад.

Эшон бо баёни инки фазоҳатбортар аз коре, ки режими саҳюнистӣ карда инсофан вуҷӯд надорад, гуфтанд: Он бохти сангин, он бохти сангини режими саҳюнистӣ бо ин бомбаборонҳо ҷуброн нахоҳад шуд ва инҷур бомбаборонҳо умри ин режими ғосибро кӯтоҳтар хоҳад кард ва ин зулм ва бераҳмӣ бепосух нахоҳад монд.

 

Барчасп