Ноябр 23, 2023 10:11 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ : Амалиёти Тӯфони Алақсо, шикастӣ ҳайсиятӣ барои режими саҳюнистӣ буд
    Раисӣ : Амалиёти Тӯфони Алақсо, шикастӣ ҳайсиятӣ барои режими саҳюнистӣ буд

Сайид Иброҳими Раисӣ раисиҷумҳӯрии Эрон бо баёни ин,ки ончӣ мардум ва ҷавонони Фаластин ва Ғазза анҷом доданд дар идомаи дифоъи машрӯъ аз ҳаққи худашон буд, гуфт : Шикасти амалиёти Тӯфони Алақсо ( ҳафт октябр ) шикастӣ ҳайсиятӣ барои режими саҳюнистӣ буд.

Раисиҷумҳӯри Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар иттифоқи бесобиқа, дар гуфтугӯи як соъата ба суолоти хабарнигорони шабакаҳои « Ал-Манор » Лубнон, « Алетеҷаҳ » Ироқ, « Фаластин Алявм » Фаластин, « Алақсо » Фаластин ва « Алмасираҳ » Яман посӯх дод.

Дар ин гуфтугӯ, ки дар маҳали музеии ҳунарҳои муосири Фаластин дар хиёбони Фаластини Теҳрон сурат гирифт, Раисӣ ба суолоти хабарнигорон дар хусӯси амалиёти Тӯфони Алақсо, ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ, нақши Амрико, ибтикороти гурӯҳҳои муқовимати исломӣ, ҳимоятҳои ҷаҳонён аз Фаластин ва  ояндаи набарди Ғазза посух дод.

Ин гуфтугӯ соъати 21 чаҳоршанбе шаб ба вақти Қудси шариф ( 22 : 30 ба вақти Теҳрон ) ба таври ҳамзамон аз 5 шабакаи фавқалззикр пахш шуд.

Ба гузориши хабаргузории Эрон Пресс,Сайид Иброҳими  Раисӣ дар ин гуфтугӯ бо ишора ба ин,ки ба лиҳози густараи кор ва  аҳамияти мавзӯъ шиканандагӣ барои душман амалиёти Тӯфони Алақсо муҳим буд, афзӯд: Ҳеманаи режими саҳюнистӣ шикаста шуд ,амалиёти Тӯфони Алақсо тамоми муҳосиботи душманро маҳв кард.

Вай изофа кард: Амалиёти Тӯфони Алақсо шикасти низомӣ, амниятӣ ва иттилоотии режими саҳюнистӣ буд.

Раисиҷӯмҳурии Эрон, нафрату бедории ҷаҳонӣ  алайҳи саҳюнистҳо ба баракати хӯни шуҳадои фаластинӣ донист ва  афзуӯ : Ончӣ ки режими саҳюнистӣ анҷом додааст нишон дод дар баробари муқовимати Фаластини нотавон шудааст.

Барчасп