Намояндаи Эрон дар СММ: Вазъияти кунӯнӣ дар Фаластини ишғолӣ, натиҷаи мустақими ишғолгарии режими саҳюнистӣ аст
(last modified 2023-11-29T06:53:34+00:00 )
Ноябр 29, 2023 11:53 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи Эрон дар СММ: Вазъияти кунӯнӣ дар Фаластини ишғолӣ, натиҷаи мустақими ишғолгарии режими саҳюнистӣ аст

Сафиру намояндаи доими Эрон дар Созмони милал гуфт, бар асоси ёфтаҳои гузориши Кумитаи ҳуқуқи мусаллами фаластиниён (CEIRPP), вазъияти ногувори кунӯнӣ дар Фаластини ишғолӣ, натиҷаи мустақими ишғолгарии режими саҳюнистӣ аст.

Амир Саъиди Иравонӣ, сафиру намояндаи доими Эрон дар Созмони милали шомгоҳи сешанбе дар бориа масъалаи Фаластин гуфт, режими Исроил бояд маҷбур шавад то тааҳҳудоташро иҷрои намояд, муҳосираи Ғазза ва ишғолгариро хотима диҳаду ташкили кишвари мустақили Фаластин мавриди ҳимоят қарор гирад ва дар ин замина, пазириши узвияти комили Фаластин дар Созмони милал, авлавият хоҳад дошт.

Вай бо баёни инки шаҳракнишинони саҳюнистӣ мардуми Фаластин, аз ҷумла кӯдаконро ҳадаф қарор медиҳанд, изофа кард, бар асоси ҳуқуқи байналмилал, чунин шаҳракнишинони мусаллаҳеро, ки бо пуштибонии неруҳои мусаллаҳи саҳюнистӣ мустақиман дар даргирӣ мудохила кардаанд, наметавонад шаҳрванди ҳимоят шуда тавассути ҳуқуқи башардӯстона донист.

Сафири Эрон дар Созмони милал идома дод, Эрон муътақид аст, талош барои тавҷеҳи ҷиноёт алайҳи мардуми Фаластин ба баҳонаи «дифо аз худ» дар ҳоле, ки ҳуқуқи мусаллами фаластиниён аз ҷумла "ҳаққи дифо аз худ" барои эшон нодида ангошта мешавад, барои ишғолгари мабноии ҳуқуқӣ надорад.

Иравонӣ бо таъкид бар инки беш аз ин набояд ба режими Исроил иҷоза дод дар баробари ҷноёташ аз масӯният бархӯрдор бошад, эълом кард, вақти он аст, ки Маҷмаи умумии Созмони милали қатъномаи 3379 (1975) худ, ки саҳюнизмро шакле аз нажодпарастӣ ва табъизи нажодӣ баршумурда буд, эҳё кунад.

Иравонӣ гуфт, Эрон муътақид аст, роҳи ҳалли тазмини сулҳ танҳо аз тариқи поёни ишғолгарӣ ва бозгашти оворагони фаластинӣ ба сарзамини худу баҳрамандӣ аз ҳаққи таъйини сарнавишт аст.

Вай дар поён афзуд, дар ҳоли ҳозир муътақидем, ки муҳимтарину заруритарин авлавият, тамдиди вақфаи башардӯстона дар Ғазза ва табдили он ба як оташбаси бо давому ирсоли кумакҳои башардӯстона ба ин минтақа аст.

 

 

 

Барчасп