Декабр 22, 2023 19:59 Asia/Dushanbe
  • Амирхони Муттақӣ, вазири умури хориҷаи ҳукумати Толибон
    Амирхони Муттақӣ, вазири умури хориҷаи ҳукумати Толибон

Амирхони Муттақӣ, вазири умури хориҷаи ҳукумати Толибони Афғонистон субҳи рӯзи ҷумъа озими Эрон шуд.

Зиё Аҳмад Такал, сухангӯи Вазорати хориҷаи Афғонистон рӯзи ҷумъа бо таъйиди сафари имрӯзи мавлавӣ Амирхони Муттақӣ ба Эрон гуфт, ки вазири хориҷаи Толибон дар раъси ҳайате ба даъвати Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон ва ба манзури ширкат дар ҳамоиши «Машваратии олирутбаи сиёсӣ дар бораи Фаластин» озими Теҳрон шудааст.

Ба гузориши ИРНА, ин ҳамоиш бо ибтикори Вазорати хориҷаи Эрон дар мавриди мардуми Фаластин ва таъмини амнияти минтақаӣ ва байналмилалии онҳо, дар Теҳрон ва бо ҳузури мақомоти кишварҳои мухталиф баргузор мешавад.

 

Барчасп