Декабр 28, 2023 18:41 Asia/Dushanbe
  • Тафсир/ Таъкиди Раҳбари муаззами инқилоб бар мувоҷиҳаи мантиқӣ ва истидлолии Ислом бо масаълаи зан

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ таъкид карданд, дар Ислом роҳи ҳар навъ фаъолияти иҷтимоӣ барои занон ҳамчун мардон боз аст ба шарти онки ду ҳассосияти муҳим, яъне мавзӯи хонавода ва муроқибат аз хатари ҷозибаҳои ҷинсӣ риоят шавад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин дидор, ки рӯзи чаҳоршанбе ва дар остонаи вилодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (а) анҷом шуд, ҳувияти зан, арзишҳо, ҳуқуқ, таколиф, озодиҳо ва маҳдӯдиятҳои ӯро масаълаи ҳаётӣ ва бисёр таъйинкунанда донистанд ва гуфтанд: "Дар қиболи ин масаълаи бисёр муҳим, ду рӯйкарди куллии ғарбӣ ва исломӣ дар ҷаҳон вуҷӯд дорад, ки муқобили ҳам ҳастанд."

Ҳамон гуна, ки Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ба он ишора кардаанд, вуҷӯди тафовутҳои ҷисмӣ миёни зану мард, ки мунҷар ба тафовутҳои ҳуқуқӣ байни он ду мешавад, аз ҷумлаи масоиле аст, ки дар мавзӯи озодӣ ва ҳуқуқи занон дар ҷомеъа, шубаҳотеро ба вуҷӯд овардааст.

Дар ин бора ду дидгоҳи комилан мутаориз, яъне дидгоҳи исломӣ дар муқобили дидгоҳҳои инсонмеҳвар ҳамчун дидгоҳи фиминистӣ қарор мегирад, ба иддаои рӯйкарди фиминистии роиҷ дар Ғарб, тафовути ҳуқуқӣ баёнгари ситам ва табъизи ҷинсӣ бар занон аст, зеро адолат ба маънои риояти комили тасовӣ миёни зан ва мард аст ва ҳар навъ тафовут ба масобаи зери по гузоштани адолат ба ҳисоб меояд, ин дар ҳоле аст, ки бар асоси дидгоҳи исломӣ, яксоннигарии мутлақ, роҳро барои беадолатӣ бар занон боз мекунад, зеро нодида гирифтани тафовутҳои табиии ҷинсии зан ва ҳамонанд сохтани он бо ҷинси мухолиф, як навъ ситами ҷинсӣ ва зулме музоъаф бар зан аст, чаро ки мӯҷиби аз худбегонагии занон мешавад.

Нуктаи муҳимми дигар, натоиҷи иҷтимоии рӯйкарди ҷумбиши фиминистӣ дар Ғарб аст. Ҳаводорони ин дидгоҳ онро ҷунбише бо ҳадафи рафъи фурудастӣ, ситам, нобаробарӣ ва беадолатиҳо алайҳи занон медонанд ва бар ҳамин асос хоҳони дигаргунсозии тамоми сохторҳои иҷтимоӣ ҳастанд, аммо воқеиятҳо дар Ғарб чизи дигарест. Дар Ғарб  ҳамчунон нобаробариҳо, беадолатиҳо ва хушунатҳо гиребонгири занон аст. Низоми сармоядории Ғарб аз фарҳанги мардсолоронаи мавҷӯд, ки дар ҳамаи ҷомеъа нуфӯз дорад ва аз тариқи қудратҳои сиёсии мавҷӯд ин фурудастиро тадовум мебахшад, суди саршоре мебарад.

Низоми сармоядории Ғарб бо истифода аз санъати таблиғот ва расонаҳои худ, боварҳои фарҳангии хосеро низ тарвиҷ мекунад, ки дар он ҷинсияти зан манбаӣ барои касби суди бештар аст.

Бинобар ин, феминизм бо тамаркуз бар рушди як ҷойгоҳи зан, ҷойгоҳҳои дигари вуҷӯдашро нодида гирифта ва ба гуфтаи мунтақидон, занон дар Ғарб ҳарчанд дар мавориде, ба озодӣ даст ёфтаанд, аммо бо фитрати хеш бегона шуда ва ин масаъла боиси беҳувиятӣ ва дар ниҳоят изтироби зани ғарбӣ шудааст.

Тони Грант аз мунтақидони феминизм мегӯяд: «Имрӯза баназар мерасад, занон фақат мустақил шудаанд, вале аз лиҳози отифӣ ғолибан муҳтоҷтар, ноамн ва мутазалзилтар, танҳо ва дармондатар аз модарон ва модарбузургҳои хешанд.»

Бадеҳист, феминизм ва тарвиҷи он дар Ғарб, ҳувият ва ончӣ мӯҷиби амният ва оромиши ҷисмӣ ва равонии занон аст, ба исми тасовии ҳуқуқи зану мард, аз занон салб кардааст, ба иборати дигар, ончӣ аз он ба унвони баробарии ҷинсиятӣ номбурда мешавад, дар воқеъ нодида гирифтани адолат дар ҳуқуқи занон аст, чаро ки ҳазина ва фишорҳои бештареро дар зиндагӣ бар занон таҳмил мекунад.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ низ бо ишора ба инки зану мард бо таваҷҷуҳ ба имконоту зарфиятҳои ҷисмӣ ва рӯҳии худ вазоифи мутафовите доранд, афзуданд: «Бар ин асос шиори «баробарии ҷинсиятӣ», ки бархе ба сӯрати мутлақ баён мекунанд, ғалат ва ончӣ саҳиҳ аст, «адолати ҷинсиятӣ» аст.»

 

Барчасп