Табрики солрӯзи вилодати босаодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (а)
(last modified Wed, 03 Jan 2024 04:55:24 GMT )
Январ 03, 2024 09:55 Asia/Dushanbe
  • Табрики солрӯзи вилодати босаодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (а)

Имрӯз чаҳоршанбе 20-уми ҷамоди ус- сонии соли 1445 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 3 январи 2024 милодӣ, солрӯзи вилодати босаодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (а), духтари гиромии Паёмбари Акрами ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва ҳамсари ҳазрати Алӣ (а) аст.

Ҳазрати Фотимаи Заҳро (а) аз кӯдакӣ дар хонаи ваҳй бо роҳнамоиҳои падари гиромишаон, ҳазрати Муҳаммад (с) ба олитарин маротиби камолу илму фазилат даст ёфтанд.

Духтари гиромии ҳазрати Муҳаммад (с) ҳамчунин дар конӯни гарм ва бо сафои хонаи имом Алӣ (а) ба беҳтарин ваҷҳ ба анҷоми вазоифи ҳамсарӣ ва модарӣ пардохтанду инсонҳои бузургу ворастаае ҳамчун имом Ҳасан (а), имом Ҳусайн (а) ва ҳазрати Зайнаб (а)-ро дар домони худ парвариш доданд.

Ҳазрати Фотимаи Заҳро (а) дар ҳамаи абъод, улгӯи занони ҷаҳон ба шумор мераванд ва рӯзи вилодати эшон дар Эрон, ба унвони рӯзи "модар" ва "зан" номгузорӣ шудааст ва дар ин рӯз аз мақоми занон, бавижа модарон, таҷлил мешавад.

Ба ҳамин муносибат Эрони исломӣ дар шабу рӯзи мелоди бонӯи ду олам, духтари гиромии Паёмбари Акрам ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) саросари ҷашн ва шодӣ аст.