Инфиҷори террористӣ дар масири Гулзори шуҳадои Кирмон; 95 шаҳид ва 211 маҷрӯҳ + Видео
(last modified 2024-01-03T14:00:12+00:00 )
Январ 03, 2024 19:00 Asia/Dushanbe

Дар пайи вуқуи ду инфиҷори террористӣ дар масири Гулзори шуҳадои Кирмон то кунун95 нафар шаҳид ва 221 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Чаҳоршанбе, 3 – январи 2024, чаҳорумин солгарди шаҳодати сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи пешини неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоб исломии Эрон аст.

Сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи пешини неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ сеюми январи 2020 дар ҳоле ки ба даъвати расмии мақомоти Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд, дар ҳамлаи ҳавоии неруҳои мутаҷовизу террористи амрикоӣ дар фурудгоҳи Бағдод ба ҳамроҳи Абумаҳди Алмуҳандис, ноибраиси Басиҷи мардумии Ироқ ва 8 нафар аз ҳамроҳонашон ба шаҳодат расид.

Ҳамзамон бо чаҳорумин солгарди шаҳодати сипаҳбуд Сулаймонӣ, мардуми Эрони исломӣ аз нуқоти мухталиф бо ҳузур дар Гулзори шуҳадои Кирмон, бо пиёдаравии масири вурудии гулзори шуҳадои Кирмон, бар мазори ин шаҳиди гаронқадр ҳозир шуданд.

Ҳаволии зуҳри имрӯз бо шунидани садои инфиҷор дар масири Гулзори шуҳадои Кирмон, манобеи маҳаллӣ аз вуқуи амалиёти террористӣ дар ин минтақа хабар доданд.

Хабаре ки тавассути муовини сиёсии амниятии устондори Кирмон таъйид шуд ва бинобар гузориши хабаргузории “Форс”, дар пайи ин инфиҷори террористӣ то кунун 95 нафар шаҳид ва 211 нафар низ маҷрӯҳ шудаанд.

Бинобар эъломи раиси уржонси Донишгоҳи улуми пизишкии Кирмон, ҳамаи маҷрӯҳон ба бемористонҳои Кирмон мунтақил шудаанд ва ба суръат ба вазъияти онҳо расидагӣ мешавад.

Вазъияти Гулзори шуҳадои Кирмон ҳамакнун оддӣ аст ва барномаҳои дохили Гулзори шуҳадои Кирмон дар ҳоли баргузорӣ аст.

 

 

 

 

Барчасп