Тафсир/ Ҳушдори сафири Эрон дар СММ ба Амрико дар бораи ҳаргуна иқдоми таҳрикомез дар минтақа
(last modified 2024-01-11T11:34:50+00:00 )
Январ 11, 2024 16:34 Asia/Dushanbe
  • Тафсир/ Ҳушдори сафири Эрон дар СММ ба Амрико дар бораи ҳаргуна иқдоми таҳрикомез дар минтақа

Сафири Эрон дар Созмони милал бо такзиби иддаоҳои Амрико  режими саҳюнистӣ дар нишасти Шӯрои амният дар бораи Дарёи Сурх ба ҳаргуна иқдоми таҳрикомези амрикоиҳо ҳушдор дод.

Амирсаиди Еравонӣ, сафиру намояндаи доими Эрон дар Созмони милал рӯзи душанбе (8 январ) дар номае ба Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони милал ва сафири Фаронса дар Созмони милал, ки раёсати давраии Шӯрои амниятро бар ӯҳда дорад, навишт, Эрон иддаоҳои беасоси матраҳ шуда дар ин нишастро сареҳан маҳкӯм ва қотеъона такзиб мекунад ва ин иттиҳомот ғайри қобили исбот ва фоқиди мадрак аст.

Еравонӣ афзуд, Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора барои амнияти дарёӣ ва озодии дарёнавардӣ аҳамияти зиёде қоил буда ва бар тааҳҳуди тазалзулнопазири худ ба пайбандӣ ба тааҳҳудоти байналмилалии худ ва ҳифзи сулҳу амният дар минтақа таъкид мекунад.

Крис Лоу, муовини намояндагии Амрико дар Созмони милал дар нишасти Шӯрои амният бидуни ишора ба авомили воқеии ҳамалот дар Дарёи Сурх, ин ҳамалотро ғайриқобили қабулу нақзи ошкори қавонини байналмилалӣ донист ва гуфт, ҳамалоти яманиҳо алайҳи дарёнавардии байналмилалӣ ба нуқтаи атфи худ расидааст.

Иддаоҳои ин мақоми амрикоӣ, дар шароите матраҳ мешавад, ки артиши Яман дар ҳимоят аз мардуми мазлӯми Фаластин вориди амал шуданд ва тайи рӯзҳои ахир бархе киштиҳоро дар Дарёи Сурх ва Тангаи Бобулмандаб мутаваққиф карданд ва ҳушдор доданд, иҷоза намедиҳанд, ин киштиҳо ба сарзаминҳои ишғолӣ барисанд. Иқдоми артиши Яман нишон медиҳад, ки бар хилофи иддаоҳои мақомоти амрикоӣ, кишварҳо ва мақомоти мустақили минтақа ҳузури низомии Амрико дар минтақаро таҳаммул намекунанду хостори поёни мудохилоти Вашингтон ҳастанд.

Аз сӯи дигар, иқдомоти давлати Амрико дар ташкили эътилофи дарёӣ дар Дарёи Сурх нишонае ошкор аз иқдомоти Вашингтон дар нақзи қавонини байналмилалӣ аст. Сиёсатҳои мудохилаҷӯёнаи Амрико дар минтақа поённопазир аст ва мақомоти Вашингтон дар шароите тайи рӯзҳои ахир аз ташкили эътилофи дарёӣ дар Дарёи Сурх бо муттаҳидини ғарбии худ хабар доданд, ки кишварҳои ғарбӣ ва муттаҳидини ҳамешагии Кохи Сафед, аз ҷумла Фаронса, Испания ва Италия аз ин эътилоф хориҷ шуданд.

Неруҳои мардумӣ дар минтақа, тайи моҳҳои ахир ва бавижа пас аз оғози амалиёти гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ дар Ғазза ошкоро муқобили иқдомоти мудохилаҷӯёнаи Амрико истодагӣ мекунанд ва иҷоза намедиҳанд низомиёни амрикоӣ дар Ироқ, Лубнон ва ҳамчунин Дарёи Сурх ба танишофариниҳои худ идома диҳанд. Иқдомоти артиши Яман, ҳамчунин нишон медиҳад бар хилофи мавзеъгириҳои таҳдидомези мақомоти амрикоӣ, аммо неруи дарёии Амрико аз муқобила бо вокунишу ҳамалоти неруии дарёии артиши Яман нотавон аст.

Ҷумҳурии Исломии Эрон, низ бар асоси усӯли сиёсати хориҷии худ ҳамвора бар лузӯми хурӯҷи низомиёни хориҷӣ аз минтақа таъкид карда ва идомаи ҳузури онҳоро мӯҷиби ташдиди мушкилоту ноамниҳо медонад. Давлатҳои минтақа, низ аз ҷумла Ироқу Сурия бар поёни ҳузури низомии Амрико таъкид кардаанд. Таҳаввулоти ҷадиди минтақа ва нақшофаринии неруҳои муқовимат ва мардумӣ барои хурӯҷи неруҳои низомии бегона ва муқобила бо мудохилаҷӯиҳо ба навъе бозтоби ҳиси истиқлол ва безорӣ аз мудохилоте аст, ки дар эҷоди буҳрон ва мушкилот нақши асосӣ доштанд.

 

Барчасп