Январ 14, 2024 17:53 Asia/Dushanbe
  • Рӯзи сешанбе; дидори имомони ҷумъаи Эрон бо Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо имомони ҷумъаи саросари Эрон дидор мекунанд.

26-умин гирдиҳамоии саросарии имомони ҷумъаи Эрон аз имрӯз (якшанбе), оғоз хоҳад шуд ва то сешанбеи ин ҳафта идома дорад, ки бо дидори ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар ин рӯз ба поён хоҳад расид.

Намояндагон валии фақиҳ ва имомони ҷумъаи Эрон, 26-умин гирдиҳамоии саросарии имомони ҷумъаи кишварро бо ҳузур дар ҳарами мутаҳҳари бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон ва таҷдиди мисоқ бо имом Хумайнӣ (раҳ.) оғоз хоҳанд кард.

Имомони ҷумъаи кишвар имрӯз, бо суханронии Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умӯри хориҷа, зимни эъломи ҳимоят аз ҷабҳаи муқовимат ва мардуми мазлӯми Ғазза, тайи маросиме аз намояндагони ҷабҳаи муқовимат дар Эрон таҷлил хоҳанд кард.

Ин гирдиҳамоӣ то рӯзи сешанбе идома хоҳад дошт ва бо дидори Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ба поён хоҳад расид.

 

Барчасп