Январ 16, 2024 14:29 Asia/Dushanbe
  • Ереванӣ: Талош барои нисбат додани иқдомоти давлати Яман ба Эрон дур шудан аз воқеияти майдонӣ аст

Намояндаи доими Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид бо баёни инки решаи вазъияти кунунии баҳри Сурх, наслкушии режими Исроил дар Ғазза ва ҳимояти комили Амрико аз ин режими аст, тасреҳ кард: Ҳар гуна талош барои нисбат додани иқдомоти давлати муваққати Яман ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сарфан инҳироф(дур шудан) аз воқеияти майдонӣ дар Яман ва ҷиноёти рухдода дар Ғазза аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Амирсаиди Ереванӣ-сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид рӯзи душанбе дар номае ба Антонио Гуттерес-дабири кулли Созмони Миллал ва низ раиси Шӯрои Амният навишт, бар ҳамагон равшан аст, ки решаҳои вазъияти кунунии баҳри Сурх, наслкушӣ ва кушторҳои ваҳшёна аст, ки тавассути режими Исроил ва ҳимояти комили Амрико алайҳи мардуми бегуноҳи Фаластин дар навори Ғазза ва Каронаи бохтарӣ анҷом мешавад ва ин воқеияти ғайри қобили инкор аст.

 Намояндаи Эрон дар Созмони Миллал дар ин нома хотирнишон кард, давлати муваққат дар Санъо ҳокимияти мустақили худро ҳифз мекунад, тасмим мегирад ва иқдомотеро ба нафъи худ анҷом медиҳад. Ҳар гуна талоше барои нисбат додани иқдомоти онҳо ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сирфан инҳироф(дурӣ) аз воқеияти майдонӣ дар Яман ва ҳамчунин инҳироф аз ҷиноёти рухдода дар Ғазза аст. Иёлоти Муттаҳида, Британия ва муттаҳидони мушорикаткунандаи онҳо масъулияти комили поймолсозии қонунҳои байналмиллалӣ дар таҷовузи низомӣ ба Яманро бар ӯҳда доранд.

 Ереванӣ афзуд, ба рағми нигарониҳо ва мулоҳизоти ҷиддӣ дар бораи рӯйкарди Шӯрои Амният дар қиболи муноқишаи Яман ва қатъномаҳои он дар бораи ин кишвар, Эрон ҳаргиз ҳеҷ гуна фаъолитеро, ки нақз қатъномаи 2216 (2015) Шӯрои Амният бошад, аз ҷумла ҳар гуна муомила дар фурӯш ё интиқоли силоҳҳо анҷом надодааст. Илова бар ин Эрон ҳамвора аз ҳалли буҳрони Яман аз тариқи абзорҳои сиёсӣ дифоъ кардааст.

  Амрико ва Британия дар рӯзҳои ахир чандин бор ба манотиқе дар Яман ҳамла кардаанд.

 

Барчасп