Рушди 13 дарсадии содироти Эрон ба Покистон
(last modified Sun, 21 Jan 2024 14:11:31 GMT )
Январ 21, 2024 19:11 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши тиҷорат байни Эрону Покистон
    Афзоиши тиҷорат байни Эрону Покистон

Содироти Эрон ба Покистон дар соли 2023 бо рушди 13 дарсадӣ ба ҳудуди як миллиард доллар расидааст.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Вазорати бозаргонии Покистон эълом кард, воридоти ин кишвар аз Эрон дар соли гузашта (2023) ба 944 миллион доллар расидааст, ки дар муқоиса бо соли пеш аз он 13 дарсад афзоиш доштааст.

Гуфтанӣ аст, Покистон дар соли 2022 беш аз 834 миллион доллар коло аз Эрон ворид карда буд.

Ҳамчунин Покистон дар соли гузаштаи мелодӣ 155 ҳазор доллар ба Эрон содироти расмӣ доштааст.

Ин дарҳоле аст, ки ин рақам барои соли пеш аз он 21 ҳазор доллар будааст.

Дар ҳоле раванди содироти Покистон ба Эрон аз соли 2020 сайри коҳишӣ дошта, ки дар давлати сездаҳум воридоти ин кишвар аз Эрон 2. 5 баробар шуда ва аз 372 миллион доллар дар соли 2020 ба 944 миллион доллар дар соли 2023 расидааст.

Баррасии омор, тиҷорати байни Эрону Покистон нишон медиҳад, тарози тиҷории Эрон бо Покистон ба лиҳози арзишӣ тайи 10 соли гузашта ҳамвора ба нафъи Эрон будааст.

Давлати сездаҳуми Эрон аз замони оғоз ба кори худ дар 3 августи 2021 нишон дод, ки ба тавозун дар сиёсати хориҷӣ муътақид аст ва тавсеаи ҳамкорӣ бо ҳамсоягон ва кишварҳои осиёӣ дар авлаияти барномаҳои хориҷиаш қарор дорад.

Дар воқеъ ин амр яке аз мазоҳири муҳими рӯйкарди сиёсати хориҷии ин давлат аст.