Маҳкумияти ҳамлаҳои ҳавоии режими саҳюнистӣ ба Рафаҳ аз сӯи Эрон
(last modified Tue, 13 Feb 2024 06:29:22 GMT )
Феврал 13, 2024 11:29 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти ҳамлаҳои ҳавоии режими саҳюнистӣ ба Рафаҳ аз сӯи Эрон

Носири Канъонӣ-сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамлаҳои ҳавоии ҷинояткоронаи артиши режими саҳюнистӣ ба манотиқи маскунии Рафаҳро маҳкум кард.

Дар ҳамалот ва бомбаборони бомдоди душанбеи режими саҳюнистӣ алайҳи Рафаҳ дар ҷануби навори Ғазза ҳудуди 100 нафар шаҳид ва теъдоде низ маҷрӯҳ шуданд.

 Манобеъи хабарӣ ҳамчунин эълом карданд, ки бештари қурбониён зан ва кӯдак ҳастанд.

 Ба гузориши ИРНА,Носири Канъони бо ишора ба мизбонии Рафаҳ аз беш аз як миллион овораи фаластинӣ ҳушдор дод, ки иқдоми режими саҳюнистӣ дар таҷовуз ба Рафаҳ ва таҳдид ба ҳамлаи заминӣ ба ин минтақа метавонад мӯҷиби вуқӯъи фоҷеаҳои инсонӣ ва ҷинояти ҷангии дигаре алайҳи миллати бедифоъи Фаластин шавад.

 Вай таъкид кард: Чунин қасд ва иқдоме натанҳо мухолиф ва барҳамзанндаи музокироти ҷорӣ дар мавзӯъи оташбас аст, балки иқдоме мғоир бо қарори муваққати содира аз сӯи Девони байналмилалии додгустарӣ ва намунаи нияти хабисонаи саҳюнистҳо дар поймолсозии пайдарпаи ҳама ҳинҷорҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ба манзури беэътибор сохтани онҳост.

 Сухангӯи Вазорати умури хориҷа зимни ҳушдор нисбат ба паёмадҳои хатарноки ин иқдоми ваҳшёна ва изҳори нигаронӣ нисбат ба тадовуми ҷинояти наслкушӣ тавассути режими саҳюнистӣ афзуд: Акнун замони он расида, ки агар Амрико ва дигар ҳампаймонони ғарбии саҳюнистҳо дар ибрози нигарониҳои худ нисбат ба амният ва суботи минтақа содиқ ҳастанд, нисбат ба ҷилавгирӣ аз рафтори ҷунуномези мақомоти режими саҳюнистӣ дар куштори мардуми бедифоъи Фаластин ба таври фаврӣ иқдом кунанд.

  Канъонӣ бо ҷалби таваҷҷуҳи маҷомеъи байналмилалӣ, давлатҳо ва афкори умумии ҷаҳон нисбат ба табаоти нигаронкунандаи ҳар гуна иқдоми низомии режими саҳюнистӣ дар Рафаҳ бар вазъияти сокинон ва оворагони ин минтақа, бар масъулияти ниҳодҳои байналмилалӣ ва дар раъси он СММ дар ҷилавгирӣ аз тадовуми таҳоҷуми режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза ва мамониъат аз ташдиди фоҷеаи инсонӣ таъкид кард.