Феврал 15, 2024 17:43 Asia/Dushanbe
  • Эрон,дар қатори қудратҳои бартари ҷаҳон дар ҳавзаҳои падофандӣ, мушакӣ ва паҳподӣ

Фармондеҳи неруи ҳаво-фазои Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ гуфт: Эрон дар ҳавзаҳои падофандӣ(дифоъи зиддиҳавоӣ), мушакӣ ва паҳподӣ(ҳавопаймои бесарнишин) ҷузви(дар қатори) қудратҳои бартари ҷаҳон аст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сардори посдор Амиралии Ҳоҷизода дари ҷараёни боздиди ҷамъе аз коркунони Девони муҳосибот аз Намоишгоҳи дастовардҳои неруи ҳаво-фазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, тавони дифоъии Эрон дар қиёс бо даврони ҷанги таҳмилиро фаротар аз тасаввурот донист ва гуфт: Эрон имрӯз ба нуқтае расида, ки артиши террористии Амрико дар минтақа сароҳатан эътироф мекунад, ки ба думбол даргирӣ бо Эрон нест.

 Ҳоҷизода бо баён инки неруҳои мусаллаҳи Эрон метавонанд аҳдофи мутаҳаррики шиноварро ҳадаф қарор дода ва ё бо истифода аз паҳподҳои пешрафтаи ғайри қобили рӯъят амалиёти шиносоиро дар ҳар нуқтае анҷом диҳанд, тарбияти мудирони коромадро аз муҳимтарин ниёзҳо донист ва таъкид кард: Мудирони эронӣ бояд барои фаъолияти асарбахш дар шароити таҳримӣ омӯзишдида бошанд.

 Неруҳои мусаллаҳи Эрон бо эҳтимоме, ки дар пеш гирифта аст, ба дастовардҳои муҳимме дар ҳавзаи сохти силоҳ, моҳворабар, таҷҳизоти низомӣ ва ҳавопаймои ҷангӣ расидааст; ба гунае, ки дар ҳамин чанд соли ахир садҳо паҳподи роҳбурдӣ, размӣ, шиносоӣ, нобудкунанда ва радарӣ дар ҳаҷми анбӯҳ аз назари миқдор ва гуногунӣ ба Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон изофа ва боис шуд, ки ҳеҷ кишваре дар хаёли худ ба фикри ҳамла ба Эрон набошад.

 

Барчасп