Раиси Қувваи қазоияи Эрон: Ироқ пайгири парвандаи ҷараёнҳои террористӣ аст
(last modified Fri, 16 Feb 2024 13:53:38 GMT )
Феврал 16, 2024 18:53 Asia/Dushanbe
  • Муҳсинии Эжаӣ, раиси Қувваи қазоияи Ҷумҳурии исломии Эрон
    Муҳсинии Эжаӣ, раиси Қувваи қазоияи Ҷумҳурии исломии Эрон

Раиси Қувваи қазоияи Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, раиси Шӯрои олии қазоии Ироқ дастури пайгирии парвандаи ҷараёнҳои террористиро содир кард.

Ғуломҳусайн Муҳсинии Эжаӣ, раиси Қувваи қазоияи Ҷумҳурии исломии Эрон панҷшанбешаб дар нишасти хабарии поёни сафари серӯза ба Ироқ, дар фурудгоҳи Меҳрободи Теҳрон, ёдмони маҳалли шаҳодати сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ ва шаҳид Абӯмаҳдӣ Алмуҳандис дар Бағдодро намоди истиқомату муқобила бо зулму истикбор ва як нишона аз ҷиноятҳои Амрико донисту гуфт: Дар ростои таъқиби террористҳо, мустанадот, мадорику парвандаҳои теъдоди қобили таваҷҷуҳе аз ҷараёнҳои террористӣ ба тарафи ироқӣ ироа шуд ва раиси Шӯрои олии қазоии ин кишвар дастури пайгирии ин парвандаҳоро содир кард.

Сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи пешини Нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба ҳамроҳи Абумаҳдӣ Алмуҳандис, нойибраиси Басиҷи мардумии Ироқ (Алҳашдушшаъби) ва 8 нафар аз ҳамроҳонаш бомдоди ҷумъаи сеюми январи 2020 дар наздики фурудгоҳи Бағдод, дар иқдоми террористии Кохи Сафед ва ба дастури Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии вақти Амрико, бо шиллики мушакҳои паҳподҳои артиши ин кишвар ба шаҳодат расиданд.

Ғуломҳусайн Муҳсинии Эжаӣ, раиси Қувваи қазоияи Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳамин ҳол бо баёни ин ки сиёсати низоми Ҷумҳурии исломии Эрон тавсеаи равобит бо кишварҳои дӯсту ҳамсоя аст, ба иштирокоти густардаи Эрону Ироқ дар ҳавзаҳои мухталиф ишора карду гуфт: Дар ҳоли ҳозир иртибототи Эрону Ироқ дар ҳамаи абъод, ба вижа буъди ҳуқуқиву қазоӣ, рӯ ба тавсеа аст.