Табрики солрӯзи милоди ҳазрати имом Маҳдӣ (а)
(last modified Sat, 24 Feb 2024 13:42:26 GMT )
Феврал 24, 2024 18:42 Asia/Dushanbe
  • Табрики солрӯзи милоди ҳазрати имом Маҳдӣ (а)

Якшанбе 15 шаъбони 1445 ҳиҷрии қамарӣ мусодиф бо солрӯзи милоди фархундаи ҳазрати имом Маҳдӣ(а), набераи гиромии Паёмбари Акрам (с) аст.

Ҳазрати Маҳдӣ (а) дар саҳаргоҳи нимаи шаъбони соли 255 ҳиҷрии қамарӣ, дида ба ҷаҳон гушӯданд.

Падари бузургвори эшон ҳазрати имом Ҳасани Аскарӣ(а) ва модарашон, бонӯи гиромӣ Нарҷис (а) ном доштанд.

Ҳазрати Маҳдӣ(а) ду давраи ғайбат дошт, яке кӯтоҳмуддат (ғайбати суғро) ва дигаре дарозмуддат (ғайбати кубро), ки аввалӣ аз ҳангоми таваллуд то поёни даврони ниёбати хосса идома дошта ва дувумӣ, бо поёни давраи нахуст оғоз шуд ва то ҳангоми зуҳӯру қиёми он ҳазрат тӯл хоҳад кашид.

Сайт ва радиои тоҷикии Садои Хуросон фарорсидани солрӯзи мелоди имом Маҳдӣ(а)-ро ба ҳамаи мусулмонони ҷаҳону дигар озодихоҳон табрик мегӯяд.