Март 01, 2024 11:31 Asia/Dushanbe
  • Дар интихоботи 1 марти имсоли Эрон беш аз 61 миллион нафар воҷиди шароити раъй додан ҳастанд
    Дар интихоботи 1 марти имсоли Эрон беш аз 61 миллион нафар воҷиди шароити раъй додан ҳастанд

Интихоботи дувоздаҳумин давраи Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ва шашумин давраи маҷлиси хибрагони раҳбарӣ оғоз шуд.

Ба гузориши шабакаи “Саҳоб”, интихоботи дувоздаҳумин давраи Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ва шашумин давраи Маҷлиси хибрагони раҳбарӣ аз соати 8 субҳи имрӯз - ҷумъа оғоз шуд.

Раъйгирӣ ба муддати 10 соат анҷом хоҳад шуд ва дар сурати лузуму эъломи устондорону фармондорон, қобилияти тамдид дорад.

Муҳлати таблиғоти номзадҳои намояндагии дувоздаҳумин давраи Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон соати ҳашти субҳи дирӯз (панҷшанбе) поён ёфт.

Муҳсини Исломӣ, сухангӯи Ситоди интихоботи Эрон бо баёни ин ки мутаваллидони 2 марти 2006 ба қабл воҷиди шароити раъй додан дар интихоботи имсол ҳастанд, гуфт: Дар интихоботи 1 марти имсол 61 миллиону 172 ҳазору 298 нафар воҷиди шароити раъй додан ҳастанд, ки 30 миллиону 945 ҳазору 133 марду 30 миллиону 227 ҳазору 165 зан хоҳанд буд.

Тибқи қонуни интихоботи Эрон, синни раъй додан 18 соли тамом аст ва афроди болои ин син бо корти шиносоии муътабар метавонанд раъй диҳанд.

 

Барчасп