Март 04, 2024 17:57 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди вазирони дифои Эрону Қатар бар таъмини амнияти марзӣ миёни ду кишвар

Вазири дифо ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳи Эрон ва вазири дифои Қатар бар таъмини амнияти марзии дукишвар таъкид карданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, генерал, Муҳаммадризо Қароии Оштиёнӣ, вазири дифо ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳи Эрон дар дидор бо Холид бин Муҳаммад Ал Атия, вазири дифои Қатар дар Давҳа дар бораи мавзуоти мухталиф, аз ҷумла муқобила бо якҷонибагароӣ дар минтақаи Ғарби Осиё, мубориза бо терроризм, таомулоти дифоӣ ва амниятӣ ва баррасии охирин таҳаввулоти Борикаи Ғазза гуфтугӯ кард.

Генерал Оштиёнӣ ба даъвати Холид бин Муҳаммад Ал Атия ва барои дидор ва гуфтугӯ бо мақомоти дифоӣ ва низомии Қатар ва ҳузур дар маросими ифтитоҳия ва боздид аз Намоишгоҳи тавонмандиҳои дифоии дарёӣ (Dimex), асри дирӯз якшанбе вориди Давҳа шуд.

Намоишгоҳи тавонмандиҳои дифоии дарёӣ (Dimex), ҳаштумин давраи баргузории намоишгоҳ қобилиятҳои дифои дарёӣ аст, ки бо ҳузури 80 кишвар аз саросари ҷаҳон дар пойтахти Қатар баргузор мешавад.

Қатар аз кишварҳои ҳадаф ва бо авлавият дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон аст ва мурӯри таърихи равобити ду кишвар низ нишон аз муносиботи ҳамвора амиқу рӯ ба густариш будааст.

 

Барчасп