Март 14, 2024 18:49 Asia/Dushanbe
  • Иҷрои амалиёти озодсозии киштии рабудашуда тавассути дуздони дарёӣ дар размоиши мураккаби “Амнияти дарёӣ 2024”

Дар идомаи баргузории размоиши мураккаби “Амнияти дарёӣ 2024”, неруҳои Эрон, Чин ва Русия амалиёти озодсозии киштии рабудашударо тамрин карданд.

Размоиши мураккаби “Амнияти дарёӣ 2024”, бо шиори”Бо ҳам барои барқарори сулҳ ва амният”, байни неруҳои дарёии Эрон, Русия ва Чин дар минтақае ба вусъати 17 ҳазор километри мураббаъ дар шимоли Уқёнуси Ҳинд, бо паём сулҳу дӯстӣ ба мизбонии Эрон дар ҳоли баргузорӣ аст ва то рӯзи ҷумъа идома дорад.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Тоҷуддинӣ, сухангӯи ин размоиш гуфт: Неруҳои амалиёти вежаи Артиш ва Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ бо мушорикати неруҳои амалиёти вежаи Чин ва Русия бо фуруд омадан аз ҳаво ба шиновари фарзии рабудашуда, амалиёти тасарруфро анҷом дода ва дуздони дарёиро дастгир ва амалиёти озодсозии киштиро иҷро карданд.

 

Барчасп