Сабти тарҳи «Саломати хонавода» ба номи Эрон дар Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт
Тарҳи «Саломати хонавода» ба номи Эрон дар Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт сабт шуд.
Дар ҳафтумин иҷлоси вазирони беҳдошти кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар Остона (пойтахти Қазоқистон), пас аз суханронии Баҳроми Айнуллоҳӣ, вазири беҳдошт, дармону омӯзиши пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки бо истиқболи кишварҳои узви ҳамроҳ буд, масъули минтақаии Аврупо дар Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт барномаи ибтикории «Саломати хонавода»-ро ба номи Эрон сабт кард.
Баҳроми Айнуллоҳӣ дар ҳафтумин иҷлоси вазирони беҳдошти кишварҳои узви иҷлоси Шанхай бо ишора ба дастовардҳои Эрон дар заминаи саломати хонавода, гуфт: Тарҳи «Саломати хонавода» ба унвони меҳвари асосӣ дар саломати ҷомеъаи Эрон дар назар гирифта шудааст.
Вай дар ин иҷлос бо баёни инки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳавзаи муроқибатҳои беҳдоштӣ дастовардҳои зиёде дорад, афзуд, кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай хостори ҳамкориҳои донишгоҳӣ ва ҳамчунин тавлиду таҳқиқоти муштарак дар заминаҳои дору ва таҷҳизоти пизишкӣ бо Эрон ҳастанд.
Пешрафтҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳавзаи беҳдошту дармон дар солҳои ахир мӯҷиб шуда, ки Эрон ба унвони яке аз қутбҳои пизишкии минтақа мавриди таваҷҷуҳи кишварҳо қарор гирад.
Қарор гирифтани Эрон дар зумраи се кишвари пешрав дар пайванди мағзи устухон, дармони ноборварӣ ва рутбаи чаҳоруми ҷаҳон дар ҳавзаи артапедӣ ва пайванди аъзо, аз ҷумлаи пешрафтҳои Эрон дар ҳавза пизишкӣ аст.
Ҳамчунин Эрон рутбаи ҳафтуми дунёро дар тавлиди доруҳои мавриди ниёзи бемориҳои хос дораду ҷузви панҷ кишвари бартари ҷаҳон дар кошти ҳалазуни шунавоӣ аст.