Таъкиди вазири умури хориҷаи Эрон бар зарурати иқдоми фаврӣ барои таваққуфи ҷиноёти саҳюнистҳо дар Ғазза
(last modified 2024-03-23T13:20:12+00:00 )
Март 23, 2024 18:20 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди вазири умури хориҷаи Эрон бар зарурати иқдоми фаврӣ барои таваққуфи ҷиноёти саҳюнистҳо дар Ғазза
    Таъкиди вазири умури хориҷаи Эрон бар зарурати иқдоми фаврӣ барои таваққуфи ҷиноёти саҳюнистҳо дар Ғазза

Вазири умури хориҷаи Эрон бар зарурати иқдоми фаврии ниҳодҳои масъули байналмилалӣ барои таваққуфи ҷиноёт ва ҳамалоти режими саҳюнистӣ зидди фаластиниёни борикаи Ғазза ва карона бохтари руди Урдун, таъкид кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо Ҳусейн Амирабдуллоҳиён вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрони дируз ҷумъа дар гуфттугуи телефонӣ Зиёд Нахола дабирикули ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин, ирсоли фаврӣ ва бидуни маҳдудият кумакҳои башардустонаи байналмилалӣ барои кулияи сокинони борикаи Ғазза зарури аст .

Ҳусейн Амирабдуллоҳиён афзуд: Таҳаввулоти шаш моҳи ахири борикаи Ғазза, моҳияти зиддибашарии саҳюнистҳо ва ҳимояти Амрико аз наслкуширо барои насли ҷавон ва мардуми ҷаҳон ба хуби ба намоиш гузошт ва ҷаҳон ба равшани фаҳмид ки дифо аз ҳуқуқи башар ва ҳуқуқи занон ва кудакон бозичаи сиёсии ғарб аст .

Зиёд Нахола низ дар ин гуфтугуи телефонӣ зимни иблоғи саломҳои гарми худ ба ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва табрики соли ҷадид ва моҳи мубораки Рамазон ба давлату миллати Эрон, охирин вазъияти таҳаввулоти сиёсӣ ва майдони дар Фаластин ва Ғаззаро шарҳ дод.

Дабирикули ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластини қудрат ва тавону руҳияи бартари муқовиматро пас аз гузашти ҳудуди шаш моҳ аз таҳоҷуми режими наслкаши саҳюнистӣ ба борикаи Ғаззаро олии тавсиф кард ва аз талошҳо ва иқдомоти диплумотики минтақаӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳамчунин талошҳои Сайид Иброҳими Раисӣ дар ҳимоят аз мардум ва муқовимати Фаластин қадрдони кард.

Барчасп