Апрел 04, 2024 17:50 Asia/Dushanbe
  • Баррасии ҳамкориҳои Эрону русия
    Баррасии ҳамкориҳои Эрону русия

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар идомаи мулоқотҳои худ дар Қазоқистон, бо дабири Шӯрои амнияти миллии Русия дидор кард.

Потрушев дар ин дидор бо ибрози ҳамдардӣ нисбат ба шаҳодати теъдоде аз мусташорони Ҷумҳурии исломии Эрон дар Сурия, ҳамла ба бахши консулии Сафорати Эрон дар Димишқро ба шиддат маҳкум кард.

Аҳмадиён низ аз иқдоми Русия барои дархости ҷаласаи Шӯрои амнияти Созмони Милал дар ин бора қадрдонӣ кард.

Дар идома, дабирони Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ва Русия ба баҳс дар хусуси мавзуоте монанди муборизаи муштарак бо терроризм, кумаки шӯроҳои амнияти миллии ду кишвар ба суръат додан дар пружаҳои мухталифи дар дасти иқдоми ду тараф, аз ҷумла каридори Шимол – Ҷануб ва соири масоили мавриди алоқаи дуҷониба, минтақаӣ ва байналмилалӣ пардохтанд.

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар дидор бо Игор Левитин, дастёри вижаи Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия низ, бо ишора ба таҳаввулоти ҷаҳонӣ ва таъсири он бар муодилоти геополитикӣ ва геостратегӣ таъкид кард: Шароити мавҷуд эҷоб мекунад ду кишвар ҳамаи масирҳои каридори Шимол - Ҷануб, масири ғарбӣ, масири дарёӣ ва масири шарқиро ҳарчӣ зудтар фаъол кунанд.

Такмили каридори Шимол - Ҷануб аз муҳимтарин тавофуқоти байни ду кишвар аст, ки мақомоти ду кишвар ба диққат мароҳили пешрафту такмили ин тарҳи бузургро пайгирӣ мекунанд.

Эҷоди дафотири муштараки тиҷорӣ, эъмоли тарофаҳои гумрукии яксон, ташкили консорсиюми муштараки бонкӣ, бимаӣ ва бахши хусусӣ ва ақди қарордодҳои ҳамкорӣ мобайни ширкатҳои киштиронии ду кишвар, аз ҷумлаи муҳимтарин роҳкорҳои пешниҳодии фаъолсозии каридори Шимол – Ҷануб аст, ки дар дасти иқдом аст.

Ин каридор 24 соли пеш ба ибтикори кишварҳои Эрон, Ҳинд ва Русия ва бо ҳадафи коҳиши замони транзит, афзоиши амнияти сафару ҳифзи муҳит зист, коҳиши ҳазинаҳои ҳамлунақл, яксонсозиву танзими асноди муттаҳидушшакл ва рақобатпазирӣ бо каридори масири канали Сует роҳандозӣ шуд.

 

Барчасп