Алоқамандии миллату давлати Покистон ба густариши ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Исломии Эрон
(last modified Fri, 05 Apr 2024 12:45:01 GMT )
Апрел 05, 2024 17:45 Asia/Dushanbe
  • Алоқамандии миллату давлати Покистон ба густариши ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Исломии Эрон

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Покистон гуфт, мардуму давлати Покистон алоқаманд ба густариши ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳастанд.

Шаҳбоз Шариф, нахуствазири ҷадиди Покистон ду рӯзи пеш дар тамоси телефонӣ бо Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳури Исломии Эрон аз ӯ барои сафар ба Исломобод даъват кард.

Ба гузориши ИРНА, хонум Мумтоз Заҳро, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Покистон рӯзи панҷшанбе дар нишасти ҳафтагӣ бо хабарнигорони Исломобод зимни ибрози умедворӣ ба сафари ояндаи раисиҷумҳури Эрон ба Покистон дар ояндаи наздик афзуд, ҳамкориҳои ду кишвари ҳамсоя дар тамомии заминаҳо рӯ ба ҷилав аст.

Мумтоз Заҳро афзуд, ду кишвари ҳамсояи Покистону Эрон тамаркузи вижае бар таъмиқи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ доранд ва бар ҳамин асос, ҳайати олирутбаи Эрон ба раёсати Маҳдии Сафарӣ, муовини дипломасии иқтисодии вазорати умури хориҷаи Эрон ба Исломобод сафар кардааст.

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Покистон тасреҳ кард, музокироти ҷиддии Покистону Эрон дар заминаҳои мухталиф идома дорад ва ду кишвар мусаммам ба густариши равобит ҳастанд.

Хонум Заҳро Мумтоз ҳамчунин ҳамалоти террористии чаҳоршанбешаб дар устони Систон ва Балӯчистон, ҷануби шарқи Эронро маҳкӯм кард ва зимни ҳамбастагӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, Исломобод мусаммам ба ҳамкорӣ бо Теҳрон барои муқобила бо таҳдиди терроризм аст.